Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ

27.06.2015 10:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Волоҳазрат,

Бо камоли андӯҳ хабари таркиш дар яке аз масҷидҳои пойтахтро, ки муҷиби ҳалокат ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрвандони бегуноҳ гаштааст, дарёфт намудам.

Ин амали террористии ғайриинсонӣ, ки онро бо ягон далелу бурҳоне ҳақ баровардан мумкин нест, боз як намунаи аъмоли зишти ҷиноятпешагони касбист, ки муборизаи беамон бо онҳо вазифаи ҳар як фарди огоҳ аст. Тоҷикистон омода аст, дар ин ҷода ҳамкориҳои густурдаеро ба роҳ монад.

Бо ибрози тасаллият ва таъзияи самимӣ ба Волоҳазрат хоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикони қурбониён бирасонанд, ки онҳоро Худованд сабри ҷамил ато фармояд.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520