Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Тунис Баджи Қаид Ас-Себси

27.06.2015 10:05, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Тунис Баджи Қаид Ас-Себси барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари даҳшатангези амали зишти террористӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои кишвар, ки мӯҷиби ҳалокати даҳҳо сайёҳон гардидаст, моро андӯҳгин сохт.

Бо ибрози тасаллият ва таъзияи самимӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози омодагӣ менамояд, ки дар саъю талошҳои дастаҷамъонаи башарият ҷиҳати гирифтани пеши роҳи чунин ҷиноятҳои ғайриинсонӣ ширкати фаъол намояд, то оромӣ ва осудагии бани Одам таъмин гардад.

Хоҳишмандам ҳамдардии самимонаи моро ба наздикони қурбоншудагон бирасонед.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520