Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) (ш.Брюссел) сарфароз гардид

02.07.2015 19:10, шаҳри Душанбе

Бо қарори Шӯрои академии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) (ш.Брюссел), муассисаи таҳсилоти олии Иттиҳоди Аврупо дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин Марказ сарфароз гардиданд.

Маркази мазкур унвони профессори фахриро бо назардошти аҳамияти байналмилалии таҷрибаи нодири сулҳи байни тоҷикон ва нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи кишварамон додааст.

Боиси зикр аст, ки Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ соли 1985 бо ташаббуси профессорони донишгоҳҳо, дипломатҳо ва хизматчиёни давлатии аршад бо мақсади пешбурди тадқиқот ва додани маълумоти пурраи олӣ дар соҳаи сиёсат, муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати рушд таъсис ёфтааст. Марказ ба хоҳишмандон курсҳои яксолаи магистратураро дар соҳаи Сиёсати байналмилалӣ ва Сиёсати рушд пешниҳод менамояд. Дар ҳоли ҳозир сафирон, дипломатҳои ҷавону корозмуд, намояндагони сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва дигар ташкилоту созмонҳои байналхалқии муқими Аврупо донишҷӯёни он Марказ мебошанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520