Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “профессори фахрӣ”-и Донишгоҳи нафтию техникии Уфа сарфароз гардид

08.07.2015 15:06, Русия

Дар Бошқирдистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Донишгоҳи нафтию техникии Уфа ташриф оварда, бо устодону донишҷёни ин муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии Русия мулоқот намуд.

Дар оғози вохӯрӣ ректори донишгоҳ Рамил Бахтизин пас аз маросими пазироию хайра мақдам сухан гуфта, қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи нафтию техникии Уфаро дар бораи сарфароз гардондани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “профессори фахрӣ” қироат намуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки “Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён дар рушди муносиботи ду кишвари дӯст ва шарики стратегӣ ва мусоидати фаъол ба густариши робитаҳои илмию таҳсилотӣ ба чунин қадрдонии олӣ ноил мегардад”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ректори Донишгоҳи нафтию техникии Уфа Рамил Бахтизин ва аъзои Шӯрои илмии донишгоҳ барои чунин қадршиносии баланд арзи сипос намуда, ба онҳо комёбию дастовардҳои нав дар роҳи рушди илму таҳсилот ва таҳкими робитаҳои анъанавии Тоҷикистону Русия таманно кард.

Сарвари давлат ҳамчунин ба донишҷӯёни тоҷики дар ин донишгоҳи обрӯманд таҳсилкунанда муроҷиат намуда, онҳоро ба омӯзиши амиқи илму техникаи муосири соҳаи ҷустуҷӯй, истихроҷ ва коркарди нафт, ки барои ояндаи Тоҷикистон басо муҳим аст, ҳидоят кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520