Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд

14.07.2015 12:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

"Ҷаноби Олӣ,

Ниҳоят хушҳолам, ки Шумо ва мардуми дӯсти кишварро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллии Ҷумҳурии Фаронса – солгарди ба даст овардани Бастилия – сидқан табрику таҳният гӯям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи муносибатҳои худро бо Ҷумҳурии Фаронса баланд арзёбӣ намуда, Фаронсаро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо мешуморад ва ба густариши бемайлони ин равобит ва васеъ гардонидани доираи ҳамкориҳо ҳавасманд аст.

Мо аз сатҳи рушди муносибатҳои дуҷониба қаноатманд ҳастем ва итминон дорем, ки ба кор андохтани имкониятҳои тоза барои боз ҳам тавсеа бахшидани муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба ба нафъи ҳар ду кишвар буда, боиси таҳкими сулҳу субот ва равобити судманди созанда дар минтақа мебошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳои нек мо аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем кард.

Дар ин рӯзи мубораку фархунда ба ҷаноби Президент тансиҳатӣ ва пирӯзиҳои ҷадид орзу намуда, ба мардуми дӯсти Фаронса сулҳу амонӣ ва саодату шукуфоӣ хоҳонам".

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520