Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Роғун

15.07.2015 18:40, шаҳри Роғун

Дар доираи сафар ба шаҳри Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ ва суҳбат бо бинокорони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба мавзеи бунёди ин иншоот ташриф овард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар нерӯгоҳ аз тамоми қитъаҳои сохташавандаи рӯизаминӣ ва иншооти асосии зеризаминӣ дидан кард. Аз сифати хуби корҳои барқарорсозӣ, идомаи сохтмон ва табъу руҳияи баланди бунёдкорони ин иншоот аён гашт, ки дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори худ кардаанд.

Мавриди зикр аст, ки ин ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон идомаи сафарҳои қаблӣ ба маҳалли бунёди НБО Рогун буда, дар рафти он Президенти мамлакат бо коргарону мутахассисони сершумори ин нерӯгоҳ суҳбатҳо доир намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид дошт: «ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки нерӯгоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад». Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин изҳор дошт, ки: «нерӯгоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад».

Ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳамчун фармоишгар назорат ва таъмини корҳои сохтмону барқарорсозии иншоотро дар асоси маводи лоиҳавӣ анҷом дода, ҳамкориро бо пудратчиёну зерпудратчиён дар сатҳи лозимӣ ба роҳ мондааст.

Корҳои сохтмону васлгарӣ ва таъмиру барқарорсозӣ дар иншооти НБО Роғун мутобиқи ҷадвали тақвимии баистифодадиҳии навбати аввали нерӯгоҳ ҷараён дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520