Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

16.07.2015 18:06, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд. Тағироти кадрӣ дар мақомоти Суди олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Хадамоти Гумрук сурат гирифт. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳуддин Вайсиддин бинобар сабаби ба анҷом расидани мӯҳлати ваколаташ аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд гардида, номзадии Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон, ки то ин муддат дар вазифаи судяи Суди Олии иқтисодӣ фаъолият дошт, ба вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ҳамчунин, номзадии Наимзода Марҳабо Наим, Кенҷазода Муҳамадҷалолиддини Тош, Ғуломов Сафарбег Саломович, Маҳмадшарофӣ Дилбар, Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.Дар ин хусус пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимзода Марҳабо Наим аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе, Кенҷазода Муҳамадҷалолиддини Тош аз вазифаи муовини якуми Раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Ғуломов Сафарбег Саломович аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон, Маҳмадшарофӣ Дилбар аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд ва Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад аз вазифаи судяи суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод гардиданд. Раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон- Бобокалонова Қутфинисо Маҳмудовна, судяи суди шаҳри Душанбе- Қурбонова Моҳбӣ Давлятовна, Раиси суди шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд- Атоӣ Саодат Иброҳим ва Олимзода Хосият Ато аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҳисор бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифа озод карда шуданд..

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Президенти мамлакат кадрҳои ба вазифаҳои масъулиятнок таъиншударо ба хизмати софдилона, бо дарки баланди масъулият ва дасту виҷдони пок амалӣ намудани вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуданд. Зимни сӯҳбати самимӣ Сардори давлат аз кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодгардида, ки ҷавону соҳибтаҷрибаанд, дар таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон даъват намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520