Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо кормандони дафтари Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20.11.1992 12:00, шаҳри Хуҷанд

20 ноябр Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони дафтари Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ба Хуҷанд омаданд, машварат орост.

Дар машварат сухан дар бораи корҳои ташкилию техникии иҷлосия ва масъулияти кормандони дафтари Раёсати Шӯрои Олӣ рафт.

Эмомалӣ Раҳмон мулоҳизаҳояшро дар бораи интихоботи раисони нави Кумитаҳои Шӯрои Олӣ ва аъзои Раёсати он баён карда, аз нақши воситаҳои ахбори умум ва махсусан телевизион ва радио дар масъалаи беҳбудии вазъи ҷумҳурӣ изҳори ақида кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520