Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Хоруғ

30.07.2015 09:21, шаҳри Хоруғ

Нимаи дуюми рӯзи 29 – уми июл баъди мулоқот ва суҳбати самимию созанда бо сокинони ноҳияи Роштқалъа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи сафари корӣ ба маркази вилоят - шаҳри Хоруғ ташриф овард.

Маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ сурат гирифт. Барои ин шумораи зиёди сокинони шаҳр, пиру барно ба истиқболи пешвои ғамхору раҳнамунсоз Эмомалӣ Раҳмон бо гулу гулдаста ва суруду мусиқӣ дар майдони ҳавоии маркази вилоят ҷамъ омада буданд.

Субҳи рӯзи 30-юми июл дар шаҳри Хоруғ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои раёсати маорифи вилоят ва шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ иштирок кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани хишти аввал ва нома ба наслҳои оянда ба оғози корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳими соҳаи маориф асос гузошт.

Тавре маълум гардид, Сохтмони раёсати маорифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосии ба Вазорати маориф ва илм пешбинигардида ба нақша гирифта шудааст. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Синдбод»-и ноҳияи Дарвоз мебошад.

Иншооти мазкур аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он раёсати маорифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ҷойгир карда мешавад.

Арзиши лоиҳавии иншоот 5 миллиону 305 ҳазор сомониро ташкил дода, муҳлати баистифодадиҳии он соли 2018 дар назар дошта шудааст.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии бинои коллеҷи тиббӣ низ оғоз бахшид.

Мувофиқи лоиҳа бинои коллеҷ аз 5 ошёна иборат буда, дар он тамоми имконоти зарурии таълим барои 240 донушҷӯ ва хобгоҳ барои 100 ҷой аз рӯи стандарти муосир фароҳам мегардад.

Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ аз бинои таълимӣ, толори маҷлисӣ, ошхона, синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла барои дарсҳои амалӣ, аз синфхонаи таҷрибавӣ ва дигар утоқҳои зарурӣ иборат хоҳад буд.

Тавре зикр гардид, муассисаи муосири тиббӣ дар ин мавзеъ бо харҷи 13 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ сохта мешавад.

Дар маркази шаҳри Хоруғ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хонаи истиқоматии 50 ҳуҷрадорро, ки барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар ҳудуди қисми ҳарбии 2848 бунёд ёфтааст, дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд.

Фармоишгари ин иншооти муҳим Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Раёсати сохтмони умумии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Арзиши лоиҳавӣ беш аз 8 миллион сомониро ташкил дода, сохтмони он соли 2012 оғоз шуда буд.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюм Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити хонаҳо шинос шуда, барои таъмини беҳтари хизматчиён бо манзилҳои хуштарҳ ба сохтмончиён дастуру супоришҳо дод.

Дар шаҳри Хоруғ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои Театри вилоятӣ барои 500 ҷойи нишаст санги асос гузошт. Фармоишгари тарҳ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи бинои театр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои мукаммал кардани лоиҳа ва бунёди он дар муҳлати се сол супориш дод.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар бунёди театр хусусиятҳои хоси Театри миллии ҷумҳурӣ ба инобат гирифта шавад.

Дар ҳамин ҷо баъди гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли фарҳанг ва сокинони шаҳр суҳбати самимӣ доир кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ин тӯҳфаи арзандаи Сарвари давлат на танҳо ба аҳли ҳунар, балки барои кулли сокинони вилоят мебошад.

Ба кормандони театр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз ҳозир барои дар рӯзи ифтитоҳи ин маркази фарҳангӣ баҳри тамошобинон намоишномаҳои пурмазмун таҳия намоянд.

Аҳли фарҳанг ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ташаббусҳо ва дастгириашон изҳори сипос карданд.

Баъди гузоштани санги асоси театри вилоятӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хоруғ ифтитоҳ кард. Сохтмони бино соли 2014 оғоз шуда, фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маблағи умумии ин иншоот 5 миллион сомониро ташкил дода, онро пудратчӣ - Шуъбаи сохтмони асосии Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд кардааст.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ бинои маркази хизматрасонӣ ва сехи дӯзандагиро бо 50 ҷойи корӣ ифтитоҳ кард. Марказ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ - зани кордон Мардонаева Султонбахт бо харҷи 4 миллион сомонӣ сохта шудааст. Сохтмони маркази хизматрасонӣ соли 2014 оғоз ёфта, дар арафаи сафари кории Президенти мамлакат омода шуд. Ин як нишонаи возеҳи дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар дар самти рушди соҳибкории хусусӣ, ҷудо кардани грантҳо ба соҳибкорзанҳо ва таъмини ҷойи кор барои занони хонанишин мебошад.  

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520