Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

30.07.2015 16:32, шаҳри Хоруғ

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ бо аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии вилоят, роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят вобаста ба рафти корҳои барқарорсозӣ дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машварати корӣ доир намуд.

Аз рӯи ин масъала нахуст ахбороти муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим шунида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар минтақаҳои аз офат зарардида дар асоси супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корҳо муташаккилона идома дошта, кӯмакҳои яквақтаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин маводи ниёзи аввал пурра ба оилаҳои зарардида дастрас карда шуд.

Барои барқарор кардани роҳи харобгашта дар ноҳияи Шуғнон роҳсозон ба таври шабонурӯзӣ фаъолият карда истодаанд.

Корҳои сохтмонӣ дар маҳалли бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра ё қисман  хароб гардидааст, тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад.

Вобаста ба иҷрои корҳо инчунин ахбороти Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода, Сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Хайриддин Абдураҳимов ва директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Ахмедов шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷӯҳи масъулини Ҳукумати мамлакат, аъзои комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба рафъи оқибатҳои офати табииро барои иҷрои саривақтию босифати дастуру супоришҳо ҷалб намуда, баҳри ҳарчи зудтар кашидани хатти интиқоли неруи барқ, об, алоқа, шабакаи обу корез, таъмини техника барои таъмири роҳҳо ва

бунёди пулҳо, таъмини аҳолӣ ва сохтмончиён бо масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, чубу тахта ва дару тиреза супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин вазорату идораҳо ва мақомотҳои дигари дахлдор  вазифадор гардиданд, ки барои бунёди бинои нави мактаб, бунгоҳи тиббӣ, таъмини хонандагон бо асбобу анҷоми таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, барқарор намудани шиносномаҳои шаҳрвандон ва шинонидани ниҳол ва ободониву кабудизоркунии маҳалҳои шаҳраки навбунед дар ноҳияи Шуғнон барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида чораву тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520