Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Симонетта Соммаруга

01.08.2015 14:52, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Симонетта Соммаруга барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

"Хонуми Олиҷоҳ,

Бо камоли мамнуният Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Конфедератсияи Швейтсарияро бо солгарди иди миллии кишвар табрик ва муборакбод мегӯям.

Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои густурда дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ бо Конфедератсияи Швейтсария назари бисёр нек дорад.

Мо омодаю ҳавасманд ҳастем, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои гуногун бо кишвари Шумо қадамҳои нав ба нави устувор гузорем.

Бо ибрози орзӯҳои беҳтарин ба Хонуми Олиҷоҳ сиҳҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Швейтсария – хушрӯзӣ ва дастовардҳои ҷадид таманно дорам".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520