Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
1. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2014, №116 «Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироти зерин ворид карда шавад:
- банди 17 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«17. Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани ҳаллу фасли масъалаҳои шаҳрвандӣ, бахшиши ҷазо, мукофотҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон ва мониторинги амалишавии муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсон ва дар таркиби он шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад.»;
- дар сархати бисту сеюми Сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони мазкур тасдиқ шудааст, калимаи «Шӯъбаи» ба калимаи «Раёсати» иваз карда шавад.
2. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2014, №181 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаи зерин ворид карда шавад:
- дар банди 2 рақами «276» ба рақами «280» иваз карда шавад;
- ба банди 7 Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони мазкур тасдиқ шудааст, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: «Дар раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъба ва бахшҳои таркибӣ таъсис ёфта метавонанд.»;
- дар банди 9 Низомномаи мазкур калимаҳои «онҳо ва мудирони шӯъбаҳо» ба калимаҳои «онҳо, мудирони шӯъбаҳо ва шӯъбаҳои раёсатҳо» иваз карда шаванд.
3. Ба банди 1 боби 2 фасли II Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, №503 «Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, дар қисми Мансабҳои категорияи оли баъд аз сархати «Мудири Шӯъба» сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад: «Мудири Шӯъбаи Раёсат».
4. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷадвали штати тағйироти дахлдор ворид намояд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани маблағҳоро барои воҳидҳои иловагии зикргардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 июли соли 2015
№523

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520