Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф

14.08.2015 11:01, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати фаро расидани солгарди ҷашни муборак – Рузи истиқлолияти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми дӯсти кишварро самимона табрик ва таҳният менамоям.

Кишвари Покистон дар солҳои охир ба комёбиҳои зиёд дар ҳама арсаҳо дастёб шуда, дар равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ширкати фаъол дорад. Оғоз гаштани раванди дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай узвияти комил пайдо намудани Покистон шоҳиди возеҳи ин гуфтаҳост ва мо чун дӯстони ҳақиқӣ аз он қаноатманд ва хушнудем.

Пайвандҳои таърихии кишвару миллатҳои мо аз қаъри қарнҳои қадим маншаъ мегиранд, ки онҳо зербинои мустаҳками равобити муосири кишварҳои моро ташкил медиҳанд.

Бо камоли қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар солҳои ахир робитаву муносибатҳои анъанавии дӯстонаи мо дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ сатҳ ва мазмуни баланд касб намуданд.

Итминони комил дорам, ки тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилгардидаи мо зимни сафарҳои Шумо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан амалӣ гардида, ҷавобгӯи ормонҳои мардумони мо мегарданд ва ба нафъи халқҳои мо, субот ва амнияти минтақаю ҷаҳон хидмат хоҳанд кард.

Ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, сиҳҳатии комил ва баҳри шукуфоии кишвари дӯсти Покистон пирӯзиҳои нав ба нав, ва ба мардуми бародари он – пешрафт, саодат ва амну амонӣ орзумандам”.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520