Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ

15.08.2015 10:53, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Хушҳолам табрику таҳнияти самимии хеш ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни миллӣ – солгарди Рузи истиқлолият ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Ҳиндустон тақдим намоям.

Мо аз дастовардҳои назарраси кишвари Шумо дар тамоми арсаҳои муҳими зиндагӣ шодем ки оғоз гаштани раванди дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай узвияти комил пайдо намудани Ҳиндустон як намунаи ҷадиди он аст.

Тақвияту густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Ҷумҳурии Ҳиндустон дар сархати фаъолиятҳои ҳадафмандонаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Боиси хурсандист, ки ҳамкориҳои созанда ва шарикии Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг ва соҳаҳои амниятиву низомӣ сол аз сол рушду тавсеаи беш аз пеш меёбанд.

Умедворам, ки иҷрои аҳду паймонҳои дар рафти сафари нахустини давлатии Шумо ба Тоҷикистон ҳосилшуда, бешубҳа, ба тавсеаю густариши ҳамкориҳои мо боис гашта, ҷавобгӯи манфиатҳои ҷонибайн ва тақвияти суботи минтақа хоҳад шуд. Мо аз ҷониби худ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар ин самт истифодаи муассир ба амал хоҳем овард.

Бо ибрози орзуҳои беҳтарин, сиҳҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ба ҷаноби Сарвазир, ба мардуми дӯсти Ҳиндустон – хушрӯзӣ, пешрафт ва саодат таманно дорам”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520