Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Ашхобод, пойтахти Туркманистон шуд

19.08.2015 21:44, Туркманистон

Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Ашхобод, пойтахти Туркманистон шуд.

Дар фурудгоҳи Ашхобод, ки бо парчамҳои Тоҷикистону Туркманистон ва сафҳои горди фахрӣ ороста шуда буд, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини раиси Шӯрои вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ва дигар шахсони воломақом самимона истиқбол гирифтанд.

Дар ҷаҳорчӯби барномаи сафари расмӣ пагоҳ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ ҷараён гирифта, чун натиҷа якчанд санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.

Ин сафар идомаи мантиқии дидору мулоқотҳои сатҳии олии миёни ду кишвар буда, интизор меравад, ки натиҷаҳои он ба густариши бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520