Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот аз рӯи натиҷаи гуфтушунид бо Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов

20.08.2015 13:13, Туркманистон

Мӯҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Хонумон ва ҷанобон!

Мутмаинам, ки сафари имрӯза бо натиҷаҳои хуби худ кишварҳо ва мардуми моро боз ҳам наздиктар сохта, барои ҳамкориҳои муваффақ, ки даҳсолаи охир сол то сол амалан муҳтавои нав касб мекунанд, шароити заминаи иловагӣ фароҳам меорад.

Имрӯз Туркманистон яке аз мавқеъҳои афзалиятнокро дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ишғол мекунад. Мо дар самти тақвият ва таҳкими минбаъдаи шарикии Тоҷикистону Туркманистон ва диверсификатсияи соҳаҳо, самтҳо ва шаклҳои рушди мутақобилан судманди он манфиатдор ҳастем.

Маҳз ин масоил мавриди таваҷҷуҳи баррасӣ ва гуфтушуниди мо бо Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов буданд, ки доираи васеи мавзуоти дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро фарогиранд.

Зикр гардид, ки заминаи қарордодию ҳуқуқии дуҷонибаи мавҷуда, рӯҳияи эътимоди тарафайн ва ҳусни мутақобилаи байни кишварҳоямон барои ба ҳаёт татбиқ кардани нақшаҳо ва кӯшишҳои созандаи муштараки мо заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Таъкид гардид, ки барои афзоиши табодули молии мавҷудаи  дуҷониба ва такмили сохтори номгўи молҳо зарур аст, ки ҳамкории дуҷонибаро дар чанд самт фаъол карда, таҳким бахшид. Ташкили корхонаҳои муштарак, ифтитоҳи марказҳои савдо, ҳамкориҳои боз ҳам наздиктар дар соҳаи нақлиёт, содагардонии сафарҳои доираҳои соҳибкорӣ ва дастгирии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар низоми фаъол дар назар аст. Умуман, Тоҷикистон чунин мешуморад, ки мо бояд муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро, ки барои густариши робитаҳо дар дигар самтҳо шароит фароҳам меоранд, босуръат рушд диҳем.

Тавре ки маълум аст, заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои мо тақрибан аз ҳафтод ҳуҷҷат иборат аст. Ин шартномаҳо хушсифат таҳия шудаанд. Татбиқи мунтазами созишномаҳои бамувофиқарасида ва иҷрои санадҳои байнидавлатии баимзорасида ба рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии мо такони ҷиддӣ хоҳанд дод.

Бо назардошти он, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон дар солҳои охир босуръат рушд мекунанд, ташкили инфрасохтори нақлиётию транзитӣ ба ҳавасмандии рушди соҳаҳои гуногун имкон фароҳам меорад.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҷониби Тоҷикистон вобаста ба сода кардани рафтуомади мусофирон ва интиқоли бори худ тавассути қаламрави Туркманистон хоҳиши худро тасдиқ кард. Мо боварӣ дорем, ки ба роҳ мондани хизматрасонии ҳавоӣ ва роҳи оҳани байни пойтахтҳоямон барои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар омили пуриқтидор хоҳад гардид.

Ҷонибҳо ҷоннок намудани раванди татбиқи барномаҳои дуҷонибаи ҳамкорро дар соҳаи фарҳанг ва санъат муҳим мешуморанд.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги кишварҳои мо, ҳафтаи филмҳои тоҷикию туркманӣ дар кишвари якдигар, бешубҳа, ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии неки байни ду мардуми рӯҳан наздик мусоидат хоҳанд намуд.

Зимни гуфтушунидҳо ҷонибҳо бори дигар шабоҳат ва наздикии мавқеъи худро оид ба масоили байналмилалӣ таъкид карданд.

Бо назардошти зиёдшавии таҳдиду хатарҳои нав, инчунин фаъолгардии созмонҳои ифротгароӣ дар сарҳадҳои ҷанубии мо, ҷониби Тоҷикистон барои ҳалли муштараки масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ ва афзудани талошҳо барои таъмини амният дар минтақа изҳори омодагӣ намуд.

Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам таъкид намоям, ки Тоҷикистон – аз ҷониби худ – тамоми кўшишҳоро ба харҷ медиҳад, ки муносибатҳои дуҷонибаи мо ба манфиати халқҳоямон ҳамаҷониба рушд ва таҳким ёбанд ва ҳарчи бештар ба сатҳи рушди ҳаматарафа расанд.

Ман ба Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Маликгулиевич барои даъват ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои вобаста ба эълонгардии Соли бетарафӣ ва сулҳ изҳори сипос намуда, дар навбати худ, аз ӯ даъват намудам, ки ба Тоҷикистон бо мақсади пайдо кардани имконияти роҳҳои амалӣ гардонидани ин ҳадафҳои наҷиб сафари расмӣ анҷом диҳад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520