Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикнома дар мавриди таҷлили Иди мубораки Қурбон

16.03.2000 08:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Мувофиқи маълумоти расадхонаҳои ҷумҳурӣ фарорасии иди мубораки Қурбон ба рӯзи 16-уми март рост меояд.

Ҳамаи шуморо ба муносибати ин иди саид табрику таҳният гуфта, бароятон умри дароз, сиҳатмандӣ ва барори кору рӯзгори некро таманно дорам.

Иди мубораки Қурбон чун иди саиди Фитр имсол ҳам дар фазои сулҳу дӯстӣ, рафоқату якдигарфаҳмӣ, густариши худшиносӣ ва таҳкими истиқлолияти мамлакат таҷлил мегардад.

Пойдории сулҳу субот, осудагию осоиши мардум ва амнияти кишвар неъмати пурқимат ва омилҳои асосии рушду нумӯи мамлакат ва ояндаи дурахшони Ватан мебошанд.

Бомуваффақият гузаштани маъракаҳои муҳимтарини сиёсӣ ва такдирсози ҷумҳурӣ ба монанди раъйпурсии умумихалқӣ ҷиҳати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни ҷумҳурӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон бори дигар якдилию ваҳдати мардуми моро собит карданд.

Дӯстони азиз!

Воқеан, дар айёми иди мубораки Қурбон чун иди саиди Фитр мардуми мо одати нек дорад, ки дастурхон густурда бо дили поку нияти холис ба хонаи якдигар мераванд, ҳамдигарро табрик мегӯянд, беморонро аёдат мекунанд, ба сари манзили фавтидагон рафта ояте чанд аз Қуръони Маҷид қироат мекунанд.

Савоби бузургтарин дар ин айём хайру саховат нисбати бечорагону афтодаҳолон, мӯйсафедону бепарасторон мебошад. Зеро паямбари ислом дар ҳадисҳои худ фармудаанд, ки садақа додан ба дороён ва касоне, ки қудрати кор кардан доранд, ҳалол нест. Ҳар фарде, ки дар ин рӯзҳо сари ятимеро навозиш кунад. дасти афтодаеро бигирад, ҳоҷати барҷомондаеро барорад, савобаш аз савоби тавофи хонаи Каъба камтар нахоҳад буд.

Ман умедворам, ки ин суннатҳои арзандаи ниёгон имрӯз ҳам идома ёфта, дар таҳкими сулҳу дӯстӣ ва рафоқату бародарии мардуми кишварамон мусоидат мекунанд.

Фарҳангу маърифати исломӣ ба назари ман имкон дорад дар тарбияи ахлоқии ҷавонони мо хидмати бештаре намояд. Уламои дин ва ашхоси бомаърифат метавонанд ҷавонону наврасонро ба роҳи рост ҳидоят кунанд, дар замири онҳо инсондӯстию поксириштӣ, кирдори неку фазилатҳои наҷиби инсониро парвариш намоянд. Алалхусус ватандӯстӣ ва ифтихор аз хоки поки аҷдодӣ, расидан ба қадру қимати забони модарй ва дигар оинҳои муқадцаси ниёгон, пос доштани ваҳдати миллӣ, дастовардҳои истиқлолият ва давлату давлатдории навини мо аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди бедордил аст.

Иди мубораки Қурбон имсол ба фарорасии баҳори фархундапай рост омад ва баъд аз чанд рӯз мо боз як иди пуршукӯҳи дигар, иди баҳору меҳнат, иди воқеии марди деҳқон — Наврӯзи оламафрӯзро истиқбол мегирем.

Мардуми мо дар ин фасли сол ба ободонии маҳали зист, макони зиндагӣ ва хонаву дар рӯ оварда, аз ҷумла баҳри ба ҷо овардани эҳтиром нисбати гузаштагон ба ободонии манзилу қабристонҳо таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамояд.

Зимнан кишвари азизи мо дорои заминҳои пурфайзу хосилхез, захираҳои табиии фаровон ва боигариҳои беинтиҳои моддию маънавӣ мебошад, ки оқилона истифода бурдани онҳо ба мову шумо вобаста аст. Бинобар ин ҳар яки мо бояд чун соҳиби ҳақиқии ин хок, ин обу замин софдилона меҳнат карда, барои пешрафту тараққии кишвари хеш, баланд бардоштани иқтидори иқтисодии он саҳмгузор бошем ва ҷаҳд кунем, ки Тоҷикистонро дар арсаи олам соҳиби мақому мартабаи баланд гардонем.

Аммо ин ҳадафи бузург бе пуштибонии сулҳу субот, бе ҳамдилию ҳаммаромию муттаҳидӣ, бе меҳнати бардавоми ҳалолу эҷодкорона ба даст намеояд.

Аз ин рӯ, мо бояд тамоми қувваю кудрат ва маҳорати худро ба созандагию бунёдкорӣ, таҳкими истиқлолияту давлатдории миллӣ равона намуда, насли наврасро дар рӯҳияи дӯстию бародарӣ, худшиносию ватандӯстӣ, омӯхтани илму фарҳанг ва хислатҳои наҷибу ҳамидаи инсонӣ тарбия кунем. Ин вазифаи ҳам ахлоқӣ, ҳам маънавӣ ва ҳам фарҳангии ҳар фарди ҷамъият мебошад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки роҳи пешгирифтаи мову шумо Тоҷикистони азизро ба сӯйи ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд.

Боз як бори дигар ҳамаи шуморо бо фарорасии иди мубораки Қурбон табрик гуфта, бароятон ҳама комёбию хушиҳои рӯзгорро таманно дорам.

Саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520