Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Украина Петр Порошенко

24.08.2015 17:40, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Петр Порошенко барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Петр Алексеевич,

Солгарди ҷашни миллии Украина – Рӯзи истиқлолият ба ман имкони гуворо фароҳам овард, ки ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишваратон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринро ирсол дорам.

Тоҷикистон дар такони ҷиддӣ бахшидан ба муносибатҳои дӯстонаи анъанавии бисёрсола, ки миёни ду давлат ва халқҳо мавҷуданд, ҳавасманд аст.

Мутмаинам, ки бо кӯшишҳои якҷояи мо ҳамгироии мутақобила ва ҳамкории созандаи миёни ду давлат рушди нав касб мекунанд. Омодагии моро барои истифодаи тамоми кӯшишҳо дар роҳи густариши онҳо ба манфиати давлат ва халқҳоямон изҳор медорам.

Бо истифода аз ин фурсат, муҳтарам Петр Алексеевич, ба Шумо саломатии бардавом ва муваффақиятҳо, ба халқи Украина сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам”.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520