Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти телевизионӣ ба муносибати Иди Наврӯз

20.03.2000 12:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Пагоҳ мутобиқи тақвими қадимаи халқамон Соли нави аҷдодии мо - Наврӯз бо шукӯҳу ҷалоли ҳамешагӣ ид карда мешавад.

Ба ин муносибат ман ҳамаи шуморо аз самими дил табрику муборакбод намуда, бароятон сулҳу амонӣ, бахту саодат, хонаи обод, рӯзгори пурфайзу осуда, сарсабзиву сарбаландиҳо таманно дорам.

Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрӯз расидааст.

Ҳанӯз дар айёми сулолаи Пешдодиён, ки донишмандон ибтидои ба майдони таърих воридшавии онҳоро ба ҳазорсолаи панҷуми пеш аз милод нисбат медиҳанд, Наврӯз ҷашн гирифта мешуд.

Сулолаҳои дигари аҷдоди мо — Каёниён, Ашкониён, Кушониён, Ҳайтолиён ва Сосониён Наврӯзро на танҳо ботантана ҷашн мегирифтанд, балки ба он тадриҷан арзишҳои нав ворид мекарданд.

Аҳамияти иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург аст. Онро танҳо воситаи фароғату истироҳат ё худ шодиву сурур пиндоштан раво нест. Наврӯз нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ, мизони ҳаракати сайёраҳо, вуруди соли нави мардуми ориёинажод мебошад. Аз ин рӯ, дар ҳамаи давру замон фарорасии Наврӯзро ҳамчун эҳёи нуру зиё ва файзу баракат бесаброна интизорӣ мекашиданд.

Дар айёми Наврӯз кинаю адоватро аз худ дур кардану бахшидани гуноҳи якдигар, кушодани оғӯши дӯстиву рафоқат ба фарзу суннати ҳамешагии мардум табдил ёфта буд. Ба дидори пирону барҷомондагон расидану гирифтани дуои хайри онҳо, дасти кӯмак дароз кардан ба ятимону бенавоён ва бепарасторон, обод кардани харобаву вайронаҳо, ки шиори ҳаррӯзаи зиндагии ниёгонамон буданд, дар айёми мо аҳамияти хоса пайдо мекунанд.

Бузургтарин ҳикмати гузаштагони некноми мо "гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек" мебошад, ки имрӯз ҳам дастури амали ҳар фарди ватандору бофарҳанг ва баору номус бояд бошад. Ин ҳикмат дар сиришти ҳар шахс ахлоқи ҳамидаву меҳру садоқат ва покизагии рафтору кирдор мепарварад, дар баробари ободиву файзу баракати ҳар хонавода ба пешрафти нерӯмандии кишвар мусоидат менамояд.

Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат на танҳо рафтору гуфтор ва пиндори нек, балки покизагии муҳити зист ва истифодаи оқилонаи обу заминро талқин мекунад. Ба ҳамин хотир мегӯянд, ки агар дарахтеро сабзондаю ба воя расонида бошӣ, умрат бесамар намегузарад ва ёдат дар дилу дидаҳо боқӣ мемонад.

Ҳамин тариқ, арзишҳои маънавие, ки вобаста ба фарорасии баҳор ва оғози мавсими кишту кор эҷод шуданд, дар давраҳои минбаъда такмил ёфта, дар маҷмӯъ ба суннати пурқимати умумихалқӣ мубаддал гаштаанд.

Маҳз анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқ, аз ҷумла фалсафа ва ҳикмати Наврӯз мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ ба ягонагӣ, ору номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят намудаанд.

Аҷнабиёне, ки дар давру замонҳои гуногун ба сарзамини ҳамешабаҳор ва ободи ниёгонамон ҳуҷум мекарданд, натавонистанд суннату оинҳои аҷдодии моро маҳв кунанд. Баръакс, фарҳанги қадимаву расму оинҳои инсонпарваронаи мо онҳоро бо гузашти айём асири хеш мегардонданд. Гузашта аз ин, бисёр аҷнабиён Наврӯзро ҳамчун ҷашни бузургу бошукӯҳ ба диёри худ бурдаанд ва аз арзишҳои маънавию фарҳангии халқи мо дарси ҳикмат омӯхтаанд.

Истилои Искандари Мақдунӣ, ҳуҷуми арабҳо, тохтутози муғулҳо ва дигар ғосибон натавонистанд, ки халқи моро аз забону таърих ва фарҳанги миллиаш ҷудо намоянд. Баръакс, ба ҳакимону донишмандон, олимону адибон ва меъморону рассомон муяссар гашт, ки машъали фарҳанги миллии халқи тоҷикро баландтар афрӯзанд.

Мисоли дурахшони ин гуфтаҳо эҳёи оини давлатдорӣ ва эҷоди асарҳои баландғояву нотакрор дар ахди Сомониён мебошад.

Тавассути эҳёи давлати миллии тоҷикон дар аҳди Сомониён мақом ва мартабаи иди Наврӯз ба авҷи аъло расида, он ҳамчун иди миллӣ ва рамзи пояндагии давлату миллат бо шукӯҳу шаҳомати махсус ҷашн гирифта мешуд. Маҳз ҳамин гуна анъанаҳои таърихию фарҳангии халқ имкон надоданд, ки истилогарони аҷнабӣ ҷашнҳои суннатии халқи тоҷик, аз ҷумла Наврӯзро аз байн бубаранд.

Ҳамин аст, ки имрӯз Наврӯзи аҷдодии мо на танҳо дар кишварҳои ориёӣ, балки дар сарзаминҳое низ ҷашн гирифта мешавад, ки дар замони худ аз сарчашмаи пурбаракат ва ҷовидонаи фарҳанги мо баҳравар шудаанд.

Мо ҳоло аз он хушбахтем, ки тамоми халқҳои Осиёи Миёна дар рӯзи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии "Наврӯз муборак" табрик мекунанд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши пахнкунандаи тамаддунро бозидааст.

Ин ҳақиқати таърихӣ моро бори дигар водор месозад. ки ба қадру қимати суннатҳои миллии худ расем, арзишҳои таърихию фарҳангии халқро дар пешрафти ҷомеа ва ҳаллу фасли масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ истифода барем, вориси ҳақиқии таъриху тамаддуни қадима будани худро фаромӯш накунем.

Дӯстони арҷманд!

Наврӯзи имсола ба оғози ҳазорсолаи сеюми милодӣ рост омада, моро ба он ҳидоят мекунад, ки ба гузаштаи дуру наздики худ бори дигар назар андозем ва роҳу равиши минбаъдаи ҷомеаро дуруст муайян намоем.

Раванди устувори демократиконии ҷомеаи Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён собит сохт, ки миллати мо яке аз миллатҳои қадимтарин ва соҳиби фарҳангу таърихи қадима буда, эҷодгари сарнавишти худ аст ва метавонад бо нерӯи маънавию дастовардҳои сиёсиаш тамаддуни башариро боз ҳам ғанитар гардонад.

Фарҳанги қадима ва тамаддуни инсонпарваронаи халқи тоҷик, эҳсоси ватанпарастӣ, обод кардани диёр, ҳамчунин ҷонибдори сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ будани ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, ҳизбӣ ва ақидавӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ равшан таҷассум ёфт. Чанд рӯз баъд аввалин маротиба дар таърихи давлатдории мо, дар мамлакат мақоми олии қонунгузор - Парламенти касбӣ ба фаъолият оғоз мекунад, ки он бешубҳа, ба сохтмони давлати ҳукуқбунёд ва демократию дунявӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар арафаи ҷашни Наврӯз аз дигаргуниҳои иқтисодиву фарҳангии мамлакат сухан гуфтан ва дастовардҳои нави сиёсиро пеши рӯ овардан, ба назарам, бамаврид аст. Дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ ба мо муяссар гашт, ки тамаддуни башариро бо арзишҳои нодири сиёсиву иҷтимоӣ ғанӣ гардонем. Яке аз онҳо фарҳанги сулҳ аст, ки ба омили муҳими пешбарандаи ҷомеа ва воситаи ҳаллу фасли муноқишаҳои сиёсиву иҷтимой табдил ёфт.

Сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбарияти давлати Тоҷикистон ва татбиқи пурраи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, инчунин ба Ватан баргардонидани гурезаҳо аз ҷумлаи дастовардҳои нодирдар ҷаҳони сиёсат мебошад.

Вобаста ба ин мехоҳам ёдовар шавам, ки соли 2000-ум бо қарори Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии фарҳанги сулҳ эълон шудааст.

Аз тарафи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шудани таҷрибаи ҳалли муноқишаҳо бо роҳи гуфтушунид воқеан ифтихори миллат ва эътирофи фарҳанги сиёсии мардуми тоҷик мебошад.

Ин моро водор мекунад, ки нуфузу эътибори худро шиносем, дар татбиқи барномаҳои қабулкардаамон устувор бошем ва обрӯю эътибори давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардорем.

Чанде пештар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири густариши минбаъдаи фазои сулҳ ва тарғиби ғояи сулҳу оромӣ "Дар бораи соли байналмилалии фарҳанги сулҳ" қарор қабул кард.

Он пеш аз ҳама олимону ҷомеашиносонро водор месозад, ки таҷрибаи Тоҷикистонро дар бартараф кардани муноқишаҳои сиёсӣ, ба Ватан баргардонидан ва ҷобаҷо кардани гурезаҳо, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ дар ҷомеа чун бузургтарин дастоварди фарҳанги сулҳ дастраси оламиён гардонанд.

Чорабинии дигаре, ки боиси болоравии худшиносии миллӣ мегардад ва мавқеи ҳамаи сокинони ҷумҳуриро дар соҳибӣ кардан ба тамадцуни бисёрасраи халқ устувор мегардонад, омодагӣ ба ҷашни 2700-солагии китоби муқаддаси "Авесто" мебошад. Аҳли илму адаби кишварҳои мухталифи дунё нақши таърихии "Авесто"-ро дар пешрафти тамаддуни башарӣ хуб медонанд.

Аммо бо сабабҳои гуногуни иҷтимоиву сиёсӣ мо моҳияту бузургии шоҳкориҳои бостониеро, ки аҷдодамон офаридаанд, то ҳанӯз дар сатҳи зарурй дарк накардаем. Вале ҳақиқати таърихиро надидаву аз дастовардҳои бузурги гузаштагони худ сарфи назар кардан аз рӯйи инсофу адолат нест. Вақти он расидааст, ки ин иштибоҳро ислоҳ кунем.

Мо бояд роҳ надиҳем, ки анъанаҳо ва суннатҳои неки халқи мо поймол шаванд ва бо унсурҳои зарарноки бегона олуда гарданд.

Таърихи халқи хешро донистан, ба мероси фарҳангӣ соҳибӣ кардан, зери парчами анъанаву суннатҳои неки инсонпарварона ва дигар фазилатҳои наҷиб муттаҳид кардани ҳамаи сокинони кишвар мақсаду мароми мо мебошад.

Дар ҳамин радиф пеши рӯ овардани ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён хеле муҳим аст. Ба шарофати ин маъракаи муҳими сиёсиву фарҳангӣ имрӯз тамоми сокинони кишвар як давраи томи таърихи миллати худро аз наздик шинохтанд ва медонанд, ки мо, тоҷикон, пояҳои бисёр устувори таърихӣ дорем.

Маҳз тавассути тамаддуну оинҳои деринаи давлатдорӣ аз озмоишҳои мушкили таърих гузаштаем ва ҳаргуна таблиғоту ташвиқоти ғаразнок моро аз роҳи интихоб-кардаамон — сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ ва демократӣ баргардонида наметавонад.

Ба ҳамин хотир ҳоло омодагӣ ба ҷашни 10-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гаштааст. Моро зарур аст, ки дар ин айём бо фаъолияти созанда ва заҳмати шабонарӯзии худ нуфузи давлати соҳибистиқлоламонро мустаҳкам гардонем.

Халқи шарифи Тоҷикистон имрӯз хуб медонад, ки оромию ободии кишвар, зиндагии осуда ва амнияти мардум аз ҳар шаҳрванди миллатдӯсту ватанпарвар вобаста аст.

Ман мефаҳмам, ки сатҳи зиндагии мардум ба дараҷае, ки халқи заҳматкаши мо сазовори он мебошад, нарасидааст.

Ҳукумати ҷумхурӣ бо дарназардошти ин барномаеро таҳия карда истодааст, ки мақсади он баровардани мардум аз ҳолати камбизоатӣ мебошад. Ин барнома аз тарафи созмонҳои байналхалқии молиявӣ дастгирӣ меёбад ва боварӣ дорем, ки бо амалӣ шудани ин нақша як қатор мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ҳаллу фасл мегарданд.

Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси ҳар як сокини Тоҷикистон, ки худро соҳиби Ватан меҳисобад, бояд бо дилу дидаи пок ва нияти нек обод кардани Тоҷикистони азизамон бошад.

Наврӯз сарчашмаи гаронбаҳои маънавӣ ва воситаи муҳими сарҷамъ намудани ҳамаи сокинони кишвар, ҳидоятгари аҳли ҷомеа ба сӯйи зиндагии орому осуда ва пурфайзу бобарор мебошад.

Мову шумо бояд рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии худро бори дигар эҳсос намуда, хуввияти миллӣ ва ҳисси худшиносии ҳар як сокини ҷумҳуриро дар заминаи Наврӯз ва дигар расму оинҳои ниёгон таҳким бахшем, аз истикдолияту давлатдории миллӣ воқеан ифтихор кунем, бунёдкориву созандагиро ба меъёри ҳаррӯзаи зиндагӣ табдил диҳем.

Аз имрӯз пойдевори бобақои зиндагии ояндаро гузошта, ҳадафҳои минбаъдаро тарҳрезӣ намоем ва ба фарзандону наберагони худ мамлакати обод, иқтисоди тавоно, амнияти пойдор, табиати бой ва муҳити поку беолоишро мерос гузорем.

Ҳоло, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз қарор дорем, бояд лаҳзае фаромӯш накунем, ки мавсими кишту кор, талошҳои тозаи созандагию ободонӣ дар пешанд.

Ҳамзамон, масъулияти бузурги деҳқонон дар таъмини истиқлолияти озуқавории мамлакат ва пешрафти соҳаи кишоварзӣ моро умедвор мекунад, ки ба пешомади неки Тоҷикистон ва халқи азизамон эътимод дошта бошем.

Бори дигар ҳамаи шуморо бо фарорасии Наврӯзи фархундапай табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо, ҳамватанони азиз, тинҷию осудаҳолӣ ва бахту саодат орзу менамоям.

Наврӯзатон муборак бошад! Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520