Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ

26.08.2015 18:33, шаҳри Душанбе

Имрӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат як қатор тағйироти кадрӣ ба амал бароварда шуд.

Ғуломов Алиҷон Амрихудоевич аз вазифаи раиси суди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинобар нисбати ӯ бароварда шудани ҳукми айбдоркунии суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он озод карда шуд.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн аз вазифаи муовини якуми раиси суди вилояти Суғд озод гардид.

Ваколати судяи суди вилояти Суғд Қурбонова Фирӯза Тӯхтабоевна бинобар вафоташ қатъ карда шуд.

Нозирӣ Зокир Вализода аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо хоҳиши худ озод гардид.

Раҳматзода Рустам Мирзо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шуд.

Исмоилов Мирзо Ибрагимович Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик таъин гардид.

Раҳматзода Рустам Мирзо дар мувофиқа бо Президенти мамлакат муовини якуми раиси вилояти Суғд таъин карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520