Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) генерал Ллойд Остин III

27.08.2015 11:47, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) генерал Ллойд Остин III – ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: “Имрӯз рӯзномаи дуҷонибаи байнидавлатии Тоҷикистону Амрико масъалаҳои гуногунро фаро мегирад, вале дар миёни онҳо мавзӯъҳои гуногуни марбут ба таъмини сулҳу субот дар минтақаи мо ҷойгоҳи хоса доранд, зеро онҳо дорои иртиботи қавӣ бо вазъи Афғонистон мебошанд”.

Ллойд Остин III ба саҳми Тоҷикистон дар таъмини амну субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва мусоидати он ба неруҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон баҳои баланд дода, аз номи роҳбарияти кишвари Амрико ба Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон арзи сипос намуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо мавқеи калидии худ дар минтақа ва марзи тӯлонияш бо Афғонистон дар саргаҳи пешгирӣ аз доман паҳн намудани терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷиддӣ қарор дорад.

Фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА бори дигар мавқеи устувори Амрикоро дар роҳи дастгирии пайваста аз ҷаҳду талоши Тоҷикистон барои ҳифз ва таҳкими суботи иҷтимоию сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодӣ ва густариши ҳамкории босамари минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид дошт.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзоъ дар минтақаҳои доғи Ховари Миёна, андешидани чораҳои муштараки пешгирикунанда аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520