Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар Иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид

30.09.2003 23:30, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ҷаноби Раис!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Роҳбари Тоҷикистон расо даҳ сол пеш аз минбари баланди Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба роҳбарони ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон муроҷиат карда буд. Ҳамон вақт мамлакати мо баъди аз ҳам пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милал қадамҳои аввалин мегузошт.

Бунёди Тоҷикистони мустақил ҳамчун давлати ҳозиразамони демократӣ ва дунявӣ ба зарурати ҷустуҷӯйи роҳҳои мустақилонаи ҳамкории самарабахш дар вазъияти босуръат тағйирёбандаи ҷаҳон рост омад. Барои мо хеле муҳим буд, ки дар шароити ҷанги дохилӣ дар муддати кӯтоҳтарин роҳҳои беҳтарини ҳалли проблемаҳои бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давраи гузаришро ҷустуҷӯ ва пайдо кунем.

Бо ифтихор аз халқи сулҳдӯсту меҳнатпарвар ва боистеъдоди тоҷик ман имрӯз ба маълумоти шумо – намояндагони мамлакатҳои тамоми ҷаҳон мерасонам, ки мо аз озмоишҳои вазнинтарин сарбаландона баромада тавонистем.

Албатта, Тоҷикистон, тақдир ва давлатдории он аз бисёр ҷиҳат ба туфайли кӯмаку дастгирии мамлакатҳои ҷаҳон душвориҳои давраи ҷангро паси сар карданд. ИМА, Русия, Хитой, Ҷопон, Ҳиндустон, Эрон, Иттиҳоди Аврупо, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва бисёр мамлакатҳои дигари хурду калон давлати навбунёди тоҷиконро дар давраи фоҷианоки ҳаёти он дастгирӣ карданд. Дар ин бобат саҳми СММ ниҳоят бузург аст. Тоҷикистон ба қадри чунин дастгирӣ мерасад, ба он баҳои баланд медиҳад ва дар навбати худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳон масъулиятшинос бошад.

Даҳ сол ин ҳанӯз чӣ дар миқёси миллӣ ва чӣ дар миқёси умумибашарӣ барои ҷамъбасти натиҷаҳо кофӣ нест. Вале дарк намудан ва ибрат гирифтан аз рӯйдодҳои гуногун ва фоҷиабори охири асри гузашта ва оғози асри ҳозира бо ҷидду ҷаҳди умумии мо барои муттасил беҳтар кардани вазъияти саросари ҷаҳон фоидаи калон расонида метавонад. Тоҷикистон ояндаи худро аниқ муайян кардааст - мо қатъан қарор додем, ки дар мамлакати худ давлати демократии соҳибихтиёр бунёд созем ва барои демократӣ сохтани муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии байналхалқӣ мубориза барем.

Мо аз солҳои гузашта хулоса баровардем, ки бунёди ҷомеаи демократӣ аз бисёр ҷиҳат хусусиятҳои умумӣ дорад, вале дар баробари ин дар ин масъала хусусиятҳои ҳар як мамлакатро ба ҳисоб гирифтан зарур аст. Таҷрибаи мо нишон медиҳад, ки имрӯз мамлакате ё халқе вуҷуд надорад, ки демократияро қабул накунад ё ба он тайёр набошад. Арзиши халқҳои Осиё чунинанд, ки арзишҳои халқҳои Аврупо, Амрико ё Африқо мебошанд. Инчунин, ҳаминаш мусаллам аст, ки шароит ва вазъияти мушаххас ҳамчун мероси таърихӣ ва анъанаҳои фарҳангӣ, бешубҳа, ба суръат ва шаклҳои ҷараёни демократӣ сохтани ҳар мамлакат таъсир мерасонад. Дар ин бобат дар конфронси панҷуми давлатҳои тозабунёд ва барқароршавандаи демократӣ сухан рафт, ки ба қарибӣ дар Муғулистон баргузор гардид. Умед аст, ки натиҷаҳои он ба ҷараёни демократӣ сохтани мамлакатҳои Осиё низ нерӯи тоза хоҳанд бахшид.

Бунёдкории демократиро на ҳамчун амри муқаррарӣ, балки ҳамчун ҷараёни мураккаби таҳаввулот фаҳмидан зарур аст. Ба ин маънӣ таҷрибаи давлатҳои мутараққии демократӣ ҳақиқатан баҳо надорад. Бо вуҷуди ин онҳо ҳам мисли пештара кӯшиш мекунанд, ки тавозуни қобили қабули манфиати давлат ва шахсиятро муайян карда, ба саволи марбут ба волоияти ҳуқуқи моликияти хусусӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ҷавоб ёфта, талаботи асосии мардуми худро қонеъ гардонанд. Халқи Тоҷикистон истиқлолият ва роҳи демократии худро ба ивази талафот, азобу уқубат ва маҳрумиятҳои хеле бузург ба даст овардааст.

Сулҳ дар мамлакати мо вақте ҳукмрон гардид, ки баъди гирудорҳои сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона мардум аҳамияти созгории миллиро ҳамчун ҳадафи олии ҷомеа дарк намуд ва онро на танҳо кӯшиши зинда мондану наҷот ёфтан, балки боварию эътимод ба хусусияти миллии бунёдкорона муттаҳид гардонда буд.

Тасаввури ояндаи Тоҷикистон ҳамчун давлати мутараққии демократӣ ва ободи дунявӣ аз он ҷиҳат оқилонатар буд, ки дар болои таҳкурсии мустаҳками ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд карда мешуд. Ҷаноби Кофи Аннан зимни сафараш ба Тоҷикистон, соли гузашта, шоҳиди натиҷаҳои фаъолияти посдории сулҳи СММ ва дигаргуниҳои бузург дар рӯҳияи одамон гардид, ки ба ояндаи фарзандони худ ва мамлакати худ боварии комил доранд.

Мо эътимоди комил дорем, ки ҷараёни демократӣ дар Тоҷикистон муттасил густариш меёбад. Ва барои ин тамоми асосҳоро дорем. Дар Тоҷикистон баробари соли 1997 барқарор гардидани сулҳ дар ҷомеа заминаи мустаҳками давлати дунявию демократӣ гузошта шуд. Дар мамлакати мо бо роҳи гузаронидани раъйдиҳии умумихалқӣ Конститутсия қабул карда шуд, ҳамаи зинаҳои мақомоти ҳокимият самарабахш кор мекунанд, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти пургановати сиёсии мамлакатро инъикос менамоянд. Вале ин чунин маънӣ надорад, ки ба ҷомеаи навбунёди демократии мо чизе таҳдид намекунад ва он ба чизе вобаста нест. Ман ҳамчун Президент аз мушкилот, орзую омол ва проблемаҳои халқи худ ба хубӣ огоҳам. Халқи тоҷик ба ман эътимоди комил дорад ва ман ин ҷо баъзе мулоҳизаҳои худро самимона ба маълумоти шумо мерасонам. Ин мулоҳизаҳо ба масъалаҳои дохилию байналхалқӣ, аз ҷумла ба СММ низ дахл дорад.

Мо, пеш аз ҳама ҳақ надорем, ки худи ғояи демократияро бадном созем,зеро ҷомеаи Тоҷикистон мисли пештара орзую омоли худро ба шароити беҳтари зиндагӣ ба он вобаста менамояд. Вале, чи тавре ки таҷриба нишон дод, роҳҳои осони табдил додани равандҳои сиёсӣ ба иқтисоди мутараққӣ вуҷуд надорад. Зиёда аз ин, таҷрибаи Тоҷикистон зарурати ҳамаҷониба барқарор сохтани иқтисодиёти мамлакатро дар давраи баъди ҷанг қатъан тасдиқ менамояд. Афзун гардидани самараи сиёсии ин кӯшишҳо бояд аз ҷумлаи тадбирҳои аввалиндараҷаи системаи СММ ва ҷомеаи ҷаҳон гардад. Дар натиҷа минтақаҳои даргир бояд ба минтақаҳои мӯътадил табдил ёфта, бо ташаббуси худ ба пешгирии фоҷиаҳои нав мусоидат намоянд.

Ваъдаҳои мамлакатҳои мададгор набояд танҳо умедворкунанда, балки бомасъулият бошанд. Дар ин бобат Созмони Милали Муттаҳид, бешубҳа бояд нақши марказии ҳамоҳангсозандаро иҷро кунад. Мо аз дӯстони сершумори Тоҷикистон, аз ҷумла муассисаҳои байналхалқии молиявӣ барои кӯмаку дастгириҳояшон самимона сипосгузорем. Мо ба ҳамкорӣ бо муассисаи рушд ва муассисаҳои дигари СММ аҳамияти махсус медиҳем. Инчунин фаъолияти дафтари СММ-ро дар масъалаҳои бунёди ҳаёти осоишта дар Тоҷикистон хеле муфид мешуморем, ки ба ҷомеаи ҷаҳон дар бораи фаҳмиши бештари рӯйдодҳои мусбати мамлакат, манфиатҳо ва талаботи он имконияти васеъ медиҳад.

Имрӯз, вақте ки Тоҷикистон ба зинаи нави тараққиёт қадам мегузорад, мо ба қадри кӯмаку дастгирии ҷомеаи ҷаҳон барои ба даст овардани ҳадафҳои муҳимтаринамон мерасем. Ба мо имрӯз кӯмаку дастгирии амалӣ дар бораи самарабахштар истифода бурдани қувваи корӣ ва сарватҳои табиии Тоҷикистон бештар аз пештар лозим аст. Мо азми қавӣ дорем, ки иқтисодиёти худро ба талаботи замони имрӯза ва бозори ҷаҳонӣ мувофиқ сохта, онро дар оянда барои пурра барҳам додани қашшоқию камбағалӣ истифода барем.

Бо камоли таассуф қайд кардан лозим аст, ки бо вуҷуди дастовардҳои калони солҳои охир дар миқёси байналхалқии ҷомеаи ҷаҳон мисли пештара проблемаҳои камбизоатиро пурра ҳал карда наметавонад. Ин масъала борҳо дар конфронсҳо ва ҷамъомадҳои сершумор муҳокима шуда бошад ҳам, барои пурра решакан кардани камбизоатӣ тадбирҳои мушаххас андешида намешаванд. Фарқияти рӯзафзуни мамлакатҳои сарватманд ва қашшоқ имрӯз ба проблемаи умумибашарӣ табдил ёфта, монеаи асосии роҳи тараққиёти мутавозини на танҳо мамлакатҳои алоҳида, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳон гардида метавонад.

Албатта, бори вазнини ҳалли проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, пеш аз ҳама ба дӯши худи мо гузошта мешавад. Бо вуҷуди ин нигаронии мамлакатҳои рӯ ба инкишоф дар бобати барҳам додани душвориҳои берунии ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳон комилан одилона мебошад, ки дар шароити мамлакати мо ба истифодаи сармояи хориҷӣ, рушди тиҷорат ва истифодаи технологияи олӣ вобаста мебошад. Барои мо бисёр проблемаҳое муҳиманд, ки дар конфронси байналхалқии мамлакатҳои ба баҳр роҳи баромад надошта, аз ҷумла бастани сарҳадҳо, монеаҳои роҳи ҳамлу нақли озоди молу хизмат, сармоя ва қувваи кор муҳокима шуданд.

Яке аз онҳо проблемаи оби тоза аст. Мо аз он хушнудем, ки ҷомеаи ҷаҳон пешниҳоди Тоҷикистонро дар бобати Соли байналхалқии оби тоза эълон кардани соли 2003 рӯҳбаландона дастгирӣ намуд. Тавре ки ҳамагон шоҳиданд, ин пешниҳод саривақтӣ буда, орзую умедҳои моро ҳақ баровард.

Нарасидани оби тоза яке аз проблемаҳои ҳазорсолаи нав мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Дар саросари олам ҳар сол барои истеҳсоли микдори зарурии озуқа торафт бештар об лозим мешавад.

Барои исботи ин далел чунин рақамҳоро мисол меорам, дар миқёси ҷаҳон тақрибан як миллиарду 200 ҳазор нафар аз истифодаи оби тоза маҳрум мебошад, ҳар сол зиёда аз панҷ миллион нафар аз бемориҳое вафот мекунанд, ки ба истифодаи оби ифлос вобастаанд. Аз рӯйи ҳисоби муассисаҳои озуқа ва кишоварзии СММ баъди 30 сол барои бо озуқа таъмин намудани аҳолӣ нисбат ба давраи ҳозира зарурати 60 фоиз бештар об ба миён хоҳад омад. Пешгӯйӣ карда мешавад, ки то соли 2030 ҳар панҷумин мамлакати рӯ ба инкишоф аз нарасидани об ба душвориҳои калон рӯбарӯ хоҳад гашт. Бинобар ин чи дар бобати беҳтар намудани технология ва чи идораи захираҳои об барои таъмини тараққиёти иқтисодӣ ва сабуктар сохтани бори гарони камбизоатӣ гузоштани маблағҳои зиёд зарур аст.

Ман дар асоси даъвати 1-уми сентябри соли 2003 қабулнамудаи иштирокчиёни анҷумани байналхалқии бахшида ба проблемаҳои оби тоза дар Душанбе пешниҳод менамоям, ки аз соли 2005 то соли 2015 даҳсолаи байналхалқии оби тоза эълон карда шавад. Қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи Генералӣ роҷеъ ба ин масъалаи ҳаётан муҳим ғояи оби тозаро мантиқан инкишоф дода ба нуктаҳои Эъломияи ҳазорсола мувофиқ мебошад, ки дар он вазифаи то соли 2015 ду баробар кам кардани теъдоди одамони аз истифодаи оби тоза маҳрум ва дар шароити бади санитарӣ зиндагикунандаро ба миён мегузорад.

Эълони даҳсолаи оби тоза имкон медиҳад, ки проблемаҳои нарасидани об - ин сарвати умумии башарият ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор гирад. Ин барои бақои ҳаёт дар Замин ва таъмини рушди устувор аҳамияти фавқулода муҳим дорад.

Ҷаноби Раис!

Тавре ки маълум аст, терроризми байналхалқӣ низ ба демократия таҳдид менамояд. Мамлакати мо дар давоми 10 сол дар роҳи паҳн нашудани терроризм дар Осиёи Марказӣ ва мамлакатҳои дигар як навъ нақши "минтақаи мобайнӣ"-ро бозид ва мо бо ин проблема бевосита шинос мебошем. Маҳз барои ҳамин Тоҷикистон дар ҳамаи кӯшишҳо ва тадбирҳои решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб фаъолона иштирок менамояд.

Мо ҳамаи шаклҳои терроризмро бо ҳар воситае, ки зӯроварӣ ва воҳимаандозӣ нисбати одамони бегуноҳ ҳақ бароварда нашаванд, қатъан маҳкум карда, ба муқобили онҳо мубориза хоҳем бурд. Дар ин мубориза, ки дар ҷараёни он танҳо бо роҳи ҷидду ҷаҳди дастҷамъӣ пирӯз гаштан мумкин аст, ба интихоб ва меъёрҳои дутона роҳ додан мумкин нест.

Вале мусаллам аст, ки терроризмро танҳо бо роҳи ҷанг несту нобуд кардан имконнопазир аст. Инчунин ҳамин нуқтаи назар хатост, ки ин зуҳуроти номатлуб дар ин ё он дин ё фарҳанг реша давондааст. Решаҳои терроризм на танҳо дар заминаи қабул накардани демократия фурӯ рафтаанд. Терроризм дар заминаи беадолатӣ ва азобу шиканҷаи одамон, дар заминаи ҳавобаландӣ ва худсарии баъзеҳо ва маҳдуд сохтани ҳуқуқи дигарон нашъу нумӯъ меёбад.

Терроризм дар ҷое зоҳир мегардад, ки дар он ҷо "як ҳақиқати мутлақ" ба ҳақиқати дигар муқобил гузошта мешавад. Ва терроризм бо муноқишаи тамаддунҳо ва вусъат додани муколамаи фарҳангҳо, ки Ассамблеяи генералии СММ соли 1998 ба он ибтидо гузошта буд, ягон умумият надошта бошад ҳам, ба ҳусни тафоҳум бештар мусоидат кард, ки имрӯз хеле коҳиш ёфтааст.

Муколама ҳамеша аз ҷанг дида муфидтар ва амалитар мебошад. Муколама ҳамеша имкон медиҳад, ки худро аз тарсу ваҳм ва нобоварии муносибатҳои байналхалқӣ озод созем. Муколамаро истифода бурда, ҳамкории байналхалқиро ба маҷрои бунёдкорӣ равона кардан мумкин аст.

Ба туфайли муборизаи муштарак ба терроризм ҳамчун зуҳуроти муташаккилона зарбаи ҷиддӣ зада шуда бошад ҳам, он ҳанӯз пурра решакан карда нашудааст. Намунаи ибрати ин мубориза, ки Тоҷикистон дар он фаъолона иштирок дорад, ҳамин аст, ки терроризми байналхалқӣ на идеология, на миллат ва на ватан дорад. Вале ҳаминаш маълум аст, ки терроризм бе заминаи молиявӣ ва сарчашмаи моддӣ вучуд дошта наметавонад. Таҳдиди терроризм ба демократия маҳз дар ҳамин масъала бо зуҳуроти дигари хавфнок, таҳдиди торафт бештар паҳн гардидани маводи нашъадор алоқаманд мегардад.

Хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор имрӯз яке аз манбаъҳои асосии бо маблағ таъмин намудани терроризми байналхалқӣ гардидааст. Ҷиддият ва доманаи васеи проблемаҳои вобаста ба маводи нашъадор ва хариду фурӯши ғайриқонунии онҳо дар бораи хавфи умумиҷаҳонии он шаҳодат медиҳад, ки ба амният ва суботи вазъияти саросари ҷаҳон таҳдид менамояд.

Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади умумии тӯлонӣ дорад ва дар байни истеҳсолкунандаи асосии афюн ва героин ва мамлакатҳои истеъмолкунандаи онҳо қарор гирифтааст, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори байналхалқӣ "марги сафед"-ро дар қаламрави онҳо паҳн мекунанд. Ман ҳамчун Президенти мамлакат вазифаи қотеъона барҳам додани интиқоли транзитии маводи нашъадорро тавассути қаламрави Тоҷикистон ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи миллӣ ба миён гузоштаам.

Муншии умумии СММ ҷаноби Кофи Аннан зимни сафараш ба Тоҷикистон шахсан ба маҳорати олии касбӣ ва фидокории кормандони Агентии назорати нашъа боварӣ ҳосил кард, ки бо кӯмаки Созмони Милал ташкил ёфта буд. Мувофиқи маълумоти СММ, Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми маводи нашъадори мусодирашуда дар миқёси ҷаҳон ҷойи чорум ва дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷойи аввалро ишғол менамояд. Дар мамлакати мо дар давоми чор соли охир ба маблағи зиёда аз як миллиард доллари Амрико моддаи нашъадори афюн мусодира карда шуд. Вале муваффақияти мубориза ба муқобили паҳн гардидани маводи нашъадор, ки дар мамлакатҳои дур аз Тоҷикистон даромади калон медиҳад, танҳо дар мавриди муттаҳид сохтани ҷидду ҷаҳдҳо ва тадбирҳои дастҷамъӣ таъмин карда мешавад.

Тоҷикистон бо назардошти торафт бештар доман паҳн кардани таҳдиди маводи нашъадор ва барои густариши ҳамкории бисёрҷониба дар мубориза ба муқобили он пешниҳод мекунад, ки ҳамкорӣ ба муқобили таҳдиди нашъа дар саросари ҷаҳон ба роҳ монда шавад. Чунин иттиҳоди доманадори зидди маводи нашъадор дар роҳи паҳн гардидани ин вабои аср садди боэътимод гардида метавонад.

Тадбирҳои ташкили чунин ҳамкорӣ ва иттиҳоди мазкурро Муншии умумии СММ ва мақоми марказии иҷроияи он – Раёсати  назорати маводи нашъадор ва пешгирии ҷинояти СММ ҳамоҳанг сохта метавонанд. Чунин ҳамкории умумибашарӣ бояд тамоми ҷидду ҷаҳди ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла мамлакатҳои минтақаро муттаҳид созад.

Аз фурсати мусоид истифода бурда таваҷҷӯҳи шуморо ба як масъалаи дигар ҷалб карданиям, ки сабаби ташвиши мо нагардида наметавонад. Вақтҳои охир дар воситаҳои ахбори оммавии ҷаҳон баъзан кӯшиш карда мешавад, ки терроризм ва моҷароҷӯйӣ барин таҳдидҳои барои инсоният ҳалокатоварро ба дини муқаддаси ислом нисбат диҳанд. Чунин шарҳи масъала моҳияти инсонпарварии исломро таҳриф намуда, дини мазкур ба ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун манбаи бадӣ ва зӯроварӣ муаррифӣ карда, бо ҳамин ба тамоми мамлакатҳои мусулмон ҳисси бадбинӣ бедор карда, ғайриихтиёр равияҳои неофашистӣ ва шовинистӣ дастгирӣ карда мешаванд.

Мо бори дигар таъкид хоҳем кард, ки амалиёти террористӣ дар мамлакатҳои гуногун кори одамони бераҳму сангдил мебошад, ки ташнаи ҳокимият ё сарват буда, амалан бо дини муқаддаси мусулмонон ягон умумият надорад. Инсоният бояд дарк намояд, ки ислом ба ҳеҷ ваҷҳ дини зӯроварӣ нест, балки мисли динҳои дигари ҷаҳонӣ одамонро ба раҳму шафқат, ҳамдардӣ ва сулҳу созгорӣ даъват менамояд.

Тоҷикистон вусъати ҳамкории минтақавиро дар ҳамаи самтҳо ҳамарӯза ҷонибдорӣ мекунад. Мақсади мо дар Осиёи Марказӣ бунёд кардани минтақаи сулҳу субот, мувозинат ва шукуфоӣ мебошад. Тоҷикистон ҳамин масъаларо қатъан муҳим мешуморад, ки Осиёи Марказӣ бояд аз аслиҳаи қатли ом озод бошад, бинобар ин мо пешниҳоди бунёди минтақаи бе аслиҳаи ядроиро дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ менамоем.

Ҳамзамон инҷониб ба ташвиши умумии рӯзафзуни мушкилоти паҳн накардани ин навъи аслиҳа дар ҷаҳон, аз ҷумла ҷануби Осиё ҳамроҳ мешавем. Боварӣ дорам, ки ҷидду ҷаҳдҳо ва тадбирҳои дастаҷамъии халъи силоҳро имрӯз суст накарда, балки муттасил густариш додан зарур аст.

Проблемаи дигари асри XXI зиёд гардидани теъдоди минтақаҳое мебошад, ки даъвогари мақоми давлатӣ буда, вале аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун давлат эътироф нашудаанд.

Маълум аст, ки гурӯҳҳои ҷинояткор дар дохили ин минтақаҳо нашъу нумӯъ карда равобити ғайриқонунии берунии онҳо вусъат меёбад ва ба манбаи муноқишаҳо ва ихтилофоти минтақавӣ табдил меёбанд. Бинобар ин ояндаи наздик ба муқаррар намудани меъёрҳои самарабахши эътирофи байналхалқии чунин давлатҳо шурӯъ кардан ба манфиати ҷомеаи чаҳон мебошад.

Бо ҳамин доман паҳн кардани зуҳуроти ҷудоиандозиро дар баъзе минтақаҳо пешгирӣ кардан мумкин аст, ки барои тақдири бисёр халқҳо ва давлатҳо оқибати ногувор дошта метавонанд.

Ҷаноби Раис!

Дар Тоҷикистон аз муваффақиятҳои калони барқарор сохтани Афғонистон изҳори қаноатмандӣ карда мешавад. Мо аз азми қавии ҷомеаи ҷаҳон дар бобати дастгирии ҷараёни созгории миллӣ ва бунёди ҳаёти осоишта дар ин мамлакати ҳамсояамон рӯҳбаланд мегардем. Тоҷикистон зарурати дастгирии байналхалқии Афғонистонро амиқ дарк намуда, доираи кӯмакҳояшро ба ҷидцу ҷаҳдҳои ҳукумати ин мамлакат таҳти роҳбарии Ҳамид Карзай вусъат хоҳад дод.

Ҳамзамон мо бори дигар қотеъона даъват менамоем, ки таваҷҷӯҳро ба эҳтиёҷоти ин мамлакат суст накарда, дигаргуниҳои мусбати онро бештар дастгирӣ карда, онҳоро тақвият бахшем ва хусусияти бозгаштнопазирии ҷараёни истиқрори сулҳро дар ин сарзамин таъмин карда, тадбирҳои қатъ намудани истеҳсоли маводи нашъадорро дар Афғонистон вусъат бахшем.

Ман бо назардошти таҳдиди ин проблема ба аҳли башар бори дигар ҷомеаи ҷаҳон ва созмонҳои дахлдори байналхалқиро даъват менамоям, ки барномаи ягонаи тадбирҳои аз байн бурдани парваришу истеҳсол ва паҳн кардани маводи нашъадорро дар ин мамлакат таҳия созанд.

Имрӯз вазъияти Ироқ низ моро ба ташвиш наандохта наметавонад. Вазъияти ин мамлакат ҳанӯз мӯътадил нагардидааст. Ин ҷо гап на дар вазъияти мамлакат дар давраи баъди ҷанг, ҳалокати хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони осоишта, балки набудани шароити оддитарини зиндагии бисёр сокинони Ироқ меравад. Дар Ироқ дигаргуниҳои мусбат ба назар расанд ҳам, масъалаи асосӣ барқарор сохтани соҳибихтиёрии давлати он мебошад. Мо ақидаи аксариятро ҷонибдорӣ менамоем, ки худи халқи Ироқ бояд ояндаашро муайян кунад ва ҷомеаи ҷаҳон дар симои СММ бояд ба халқи Ироқ дар иҷрои ин вазифа кӯмак расонад.

Ҷаноби Раис!

Ҳар халқ ба сӯйи демократия бо роҳи худ қадам мезанад, вале тахдидҳо ва зуҳуроти номатлуби ин роҳро танҳо якҷоя бартараф кардан мумкин аст.

Созмони Милали Муттаҳид мисли пештара барои амалиёти дастаҷамъии ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ воситаи самарабахш ва беҳамто мебошад. Ҳадафҳои наҷибонаи рушди инсоният, ки дар Эъломияи ҳазорсола ифода ёфтаанд ва Тоҷикистон низ ба он имзо гузоштааст, ба ин равшан шаҳодат медиҳанд.

Созмони Милали Муттаҳид амалан тамоми мамлакатҳои ҷаҳонро муттаҳид менамояд. Ҳамаи мо ва ҳамаи онҳое, ки СММ-ро ташкил намуданд ва онҳое, ки ба қарибӣ узви СММ гардиданд, вазифадор шудаем, ки Оинномаи онро қатъан риоя кунем. Ғайр аз ин роҳи дигар нест.

Созмони Милали Муттаҳид айни ҳол дар масъалаи ҷустуҷӯйи ҷавобҳои самарабахш ба шароити нав ва талаботи нави рушди ҷаҳонӣ аз санҷишҳои навбатӣ мегузарад. Гап дар он аст, ки Созмон ва муассисаҳои асосии он набояд аз ҷараёни пешгирии рӯйдодҳои ҷаҳони босуръат тағйирёбанда қафо монанд. Ҷараёни ислоҳоти СММ давом дошта бошад ҳам, вақти он расидааст, ки фаъолияти амалии ҳамаи муассисаҳои он ба ҳалли масъалаҳои ҳақиқатан афзалиятнок равона карда шавад.

Дар масъалаи таъмини сулҳу амнияти байналхалқӣ - ин ба назар гирифтани пешгирии муноқишаҳои мусаллаҳонаи чи дохилӣ ва чи байнидавлатӣ мебошад.

Имрӯз зарурати андешидани тадбирҳои қатъӣ дар ҷараёни аҳамияти умумибашарӣ пайдо кардани проблемаҳои замони ҳозира ва кам кардани фарқияти мамлакатҳои мутараққӣ ва рӯ ба инкишоф дар назди Ассамблеяи генералӣ, муассисаи ҳамкории иқтисодӣ ва муассисаҳои боқимондаи СММ гузошта мешавад.

Мо ба маҳорати бештари котибот, афзоиши самараи фаъолияти он ва тамоми муассисаҳои СММ барои давлатҳои узви он умед мебандем. Эҳсосоти бӯҳрони СММ, ки тӯли солҳои охир ба назар мерасид, имрӯз аз байн рафтааст. Дар айни ҳол зарурати мустаҳкам кардани Созмон ва ҳамкории дастаҷамъӣ дар доираи он бештар дарк карда мешавад.

Вазифаи умумии мо эҳтиёт кардан ва ташаккул додани СММ мебошад, зеро ҷомеаи ҷаҳон ғайр аз он воситаи дигари самарабахши ҳалли проблемаҳои байналхалқиро надорад.

Созмони Милали Муттаҳид сарвари тамоми башарият аст. Тоҷикистон барои муваффақият ҳосил кардани ваколатҳои наҷибонаи он ба манфиати тамоми башарият ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешад.

Ба диққататон ташаккур!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520