Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи байналхалқии занон — 8 март

07.03.2001 12:00, шаҳри Душанбе

Модарону хоҳарони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи байналхалқии занон аз самими қалб табрик ва муборакбод гуфта, орзу менамоям, ки ҳамеша рӯзгоратон ободу дилатон шод бошад.

Иди байналхалқии занон аз фаро расидани фасли баҳор —арӯси сол ва эҳёи табиат мужда мерасонад. Дар ин падида як рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон алоқаманд аст. Аз ин рӯ, мо ҳамеша ин рӯзи фарҳабахшро бо дилу эҳсоси гарм истиқбол мегирем.

Таҷлили имсолаи иди шумо, модарон ва хоҳарони азиз, ҳусну тароват ва мазмуни хоса дорад. Дар қарну ҳазораи нав он бори нахустин ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин имсол мо 10 солагии истиқлолияти давлати тоҷиконро бо нақшаву орзуҳои хайр, рӯҳи созандагию бунёдкорӣ, ободгардонии кишвар, дастовардҳоитоза вадилу нияти нек истиқбол хоҳем кард.

Муҳимтар аз ҳама, мо имрӯз бо қаноатмандии бузург гуфта метавонем, ки бо фаро расидани сулҳу амонӣ дар сарзамини ҳамешабаҳори мо якдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстию ваҳдат сол аз сол густариш ва таҳким меёбад. Ин боиси шодмонӣ ва шукргузории тамоми халқ, дар навбати аввал модарони мушфиқ аст. Зеро зан — модар, ки офарандаи наслҳост, бо тамоми вуҷуди худ муқобили ҷанг ва харобкорӣ мебошад.

Алалхусус занони тоҷик, ки бо тамоми вуҷуди поки хеш оташи сӯзанда ва дарди ҷонкоҳи ҷангро эҳсос намуданд, на фақат дар Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон ҳамеша тарафдорони пойдории сулҳ мебошанд.

Занон зиёда аз нисфи аҳолии мамлакати моро ташкили медиҳанд. Ин қувваи бузург аст ва мо бо дилпурӣ гуфта метавонем, ки онҳо дар ҳамаи ришатҳои зиндагӣ пешсаф ҳастанд ва дар ҳалли вазифаҳои муҳими ҷомеа саҳми арзанда мегиранд.

Ватани азизи мо, Тоҷикистон, дар тӯли даҳ соли истиқлолияти хеш пастию баландиҳои зиёдеро пушти сар намуд. Имрӯз бо арзи сипос бояд гӯем, ки дар ҳамаи икдомот ва дастовардҳои таърихӣ хизмати модарон ва хоҳаронамон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст.

Дар айёми ҷанги гражданӣ ва чанд соли минбаъда бори гарони зиндагӣ дар ҳар як оила, пеш аз ҳама бар дӯши зан — модар буд, ки ин худ як қаҳрамонии беназир аст.

Бузургтарин ҳадафе, ки имрӯз дар назди мо қарор дорад, сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ мебошад. Вобаста ба ин, мо бояд амиқ дарк намоем, ки бе ширкати фаъолонаи занон расидан ба ин ҳадафи бузург мушкил аст.

Зеро ба ӯхдаи зан — модар, ки меҳвари асосии ҳар хонадон аст, аз рӯзи азал вазифаи муқаддас ва басо масъулиятнок— тарбияи инсони нав ва дар ниҳоди вай ҷойгир намудани ахлоқи ҳамида, шафқат ва муҳаббат, эҳсоси ватанпарварию миллатдӯстӣ, қудрати созандагию офаридагорӣ гузошта шудааст.

Ғамхорӣ, дар ҳаққи занон ва ҳар чӣ бештар ҷалб намудани онҳо ба корҳои ҷомеа ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ аст.

Баъд аз қабули "Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998—2005" шумораи зиёди занҳои бомаърифат ва кордон ба корҳои роҳбарии зинаҳои гуногун таъин карда шуданд.

Аксари онҳо вазифаи худро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ғайрату кордонӣ иҷро менамоянд.

Мо имрӯз номи даҳхо ва садҳо занони соҳибистеъдодро ба забон гирифта метавонем, ки бо фаъолияти муҳими сиёсӣ, давлатӣ ва эҷодӣ машғуланд. Як зумраи онҳо ҳатто берун аз кишвар маълуму машҳуранд.

Бонуҳои иззатманди кишварамон таҷассуми хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва ободии рӯзгору пешрафти ҳаёти ҷомеа мебошанд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки барои таъмини рушди мамлакатамон ва дар қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷой гирифтани давлати тоҷикон ҷомеаи мо бояд ба сатҳи баланди маърифат муваффақ шавад ва аз комёбиҳои навтарини илму техника истифода намоад.

Мо боад чунин мутахассисони соҳаҳои гуногунро, аз ҷумла аз миёни занону духтарон тарбия намоем, ки дониш ва маҳорати онҳо ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Барои ин инкишофи ҳаматарафаи соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим дар мактабҳои миёна ва донишкадаҳои олӣ, робитаи мустаҳками илм ва истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт зарур аст.

Умуман, дар ҷомеаи мо боад яктаҳаввулоти фикрие ба амал оад, ки ба пешрафти илму фарҳанг ва пайдо шудани чеҳраҳои нави арзанда, аз ҷумла аз миёни занон, дар соҳаҳои гуногун такони ҷиддӣ бахшида тавонад.

Боварии комил дорам, ки дар ниҳоди ҷомеаи мо чунин нерӯи бузург аз ибтидо мавҷуд аст.

Ҳалқи тоҷик дар тӯли таърихи худ бисёр нобиғаҳоро ба воя расонидааст, ки ифтихори тамоми инсоният мебошанд. Мо умед дорем, ки модарони тоҷик дар қарну ҳазораи нав низ чунин шахситҳоеро ба дунё оварда, ба воя мерасонанд, ки ба мисли Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Фирдавсӣ, Хайём, Темурмалик, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар фарзандони родмарди тоҷик номбардори миллати кӯҳанбунёди хеш гардида, дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург мегузоранд.

Баландии мартаба ва сатҳи фарҳангиву маънавии миллати мо аз ҳамин низ маълум аст, ки дар байни шоирону нависандагон, олимону ҳунармандон занон низ кам набуданд.

Моро имрӯз ҳам лозим аст, ки бо тамоми роҳҳо барои рушду нумӯи дониш ва малакаи занони соҳибистеъдод, занҳое, ки аз ӯхдаи ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои рӯзгори мо баромада метавонанд, шароити мусоид фароҳам оварем. Зеро бе иштироки занҳои ташаббускору ғайратманд, маслиҳатҳои муфиди модарони рӯзгордида гумон аст, ки мо ба орзуҳои неки хеш бирасем ва барои насли оянда зиндагии осудаву ободро муҳайё созем.

Маҳз бо дарназардошти ин мақсаду маром Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсус тарҳрезӣ менамояд. Яке аз корҳои назаррасе, ки нисбати занҳо ва ояндаи онҳо ба сомон расонида шуд, ин аст, ки дар ҳамаи мактабҳои олию миёнаи махсуси кишвар барои духтарони ноҳияҳои кӯҳистон квотаи президентӣ ҷорӣ карда шуд.

Мувофиқи ин супориш соли чорум аст, ки духтарони аълохони мактабҳои ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар асоси имтиёзҳои мӯҳайёнамудаи Президенти мамлакат ба донишкадаҳои олии пойтахт дохил мешаванд. Чунончӣ, то имрӯз дар асоси квотаи президентӣ қариб 1400 нафар духтарон аз гӯшаю канорҳои гуногуни мамлакат донишҷӯ гардидаанд. Вале ин ҳоло моро қонеъ карда наметавонад ва дар ин самт бояд корҳои зиёдеро ба анҷом расонид, то ки сафи донишҷӯен аз ҳисоби духтарон сол аз сол афзояд.

Баъд аз анҷоми таҳсил ин духтарон ба зодгоҳи худ баргашта, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, маориф, фарҳанг, нигахдории тандурустӣ кормекунанд, дартарбияи инсонҳои нексиришт, соҳибмаърифату ватандӯст саҳм мегиранд.

Бегуфтугӯ, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, он ҷомеа босуръат пеш хоҳад рафт ва дар он шумораи зиёди фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт.

Дар баробари ин бояд рӯйирост гӯем, ки вазифаи зан фақат ҳаст кардани фарзандони сершумор нест. Вазифаи асосӣ тарбия намудани фарзандони солим, дорои ахлоқи шоиста, соҳибмаълумоту соҳибкасб мебошад.

Ҳаёт собит месозад, дар он хонаводае, ки зан — модар бомаърифату хушахлоқ мебошад, аксар вақт фарзандони сазовори номи нек ба воя мерасанд.

Бояд ба он муваффақ шуд, ки дар ҳар хонадон фарзандон бо тарбияи ҳаматарафа фаро гирифта шаванд, барои ба амал баровардани қобилиятҳояшон шароит дошта бошанд, барои таҳсил дар донишгоҳҳои дилхоҳашон имкон пайдо намоянд.

Танҳо дар ҳамон сурат нерӯи зеҳнии ҷомеа тараққӣ меёбад, сафи мутахассисони варзида меафзояд, илму фарҳанг пеш меравад, сатҳи зиндагӣ баланд мешавад.

Чунон ки мегӯянд, фарзанди хуб — боғи падар, фарзанди бад—доғи падар. Мо бояд фарзандонеро ба камол расонем, ки на доғ, балки боғи падару модари хеш гарданд ва нафърасони мардум бошанд.

Боз як масъалае, ки бояд ҳамеша дар мадди назари ҷомеа бошад, ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, бахусус сиҳатии зани деҳот мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкилот тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода карда истодааст. Зеро мо хуб медонем, ки ҷомеаи солиму пешқадам ба занони ҷисману рӯҳан солим, нексиришту соҳибмаърифат, ки ин хислатҳояшон ҳатман дар хулку атвори фарзандонашон зоҳир мегардад, ҳамеша ниёз дорад.

Вале ҳифз намудани саломатии занон ва кӯдакон бе тарбияи табибони ҳозиқ, ки аксарашон бояд занон бошанд, аз имкон берун аст.

Фикр мекунам, ки масъалаи ба донишкада ва коллеҷҳои тиббӣ ҳарчӣ бештар ҷалб намудани духтарон, хусусан аз ноҳияҳои кӯҳистон бояд ҳамеша дар мадди назари Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи кор бо занон ва дигар ташкилоту созмонҳои дахлдор бошад.

Мо бояд шукргузори замони осоишта бошем, ки дар ин давра зан—модар бори дигардар ҷамъияти мо ба мақому манзалати воқеӣ молик гардид. Ӯро ҳамчун ходими намоёни давлатӣ, роҳбару роҳнамои мардум, адибаву муҳандиси номдор, табибу омӯзгори маъруф, коргари ҳунарманду деҳқони асил шинохтаанд.

Ҳамаи ин меваҳои ширини истиқлолияти давлати мост ва моро зарур аст, ки ба қадри он расида ин дастовардҳои худро чун гавҳараки чамш нигаҳбон бошем ва рӯз то рӯз онҳоро афзун гардонем.

Вобаста ба ин мехоҳам бори дигар таъкид кунам, ки имрӯз тарбияи ҳисси эҳтиром ба арзишҳои волои миллию фарҳангӣ, ҳисси баланди ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳиматрин аст. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ватандӯстӣ фақат муҳаббат ба зодгоҳ ва маҳал нест, балки он муҳаббати бепоён ба Ватани ягонаамон — Тоҷикистон мебошад.

Аз ин рӯ, мо боад дар дили ҳар як фард ҳанӯз аз синни кӯдакӣ нангу номуси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ, ҳисси бузурги эҳтиромро ба рамзҳои муқаддаси давлат — Конститутсия, Нишону Парчам, Суруди миллӣ ва дигар муқаддасоти миллати хеш тарбия намоем.

Ҳамватанони азиз!

Оила дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ, барпо намудани оилаҳои комилу мустаҳкам вазифаи аҳли ҷомеа ва волидайн мебошад.

Давлате, ки аз оилаҳои тифоқ, мустаҳкам ва комил иборат аст, пурзуртарин давлат ҳисоб шуда, дар он ҳеҷ гоҳ ҷанги шаҳрвандӣ сар намезанад ва ягон давлати дунё бар он ғолиб намеоад. Таърих инро дар таҷрибаи давлатҳои дунё на як бору ду бор собит намудааст.

Мо хуб медонем, ки ягон давлат, ягон ҷомеа, то даме, ки дар он ваҳдати миллат таъмин набошад, пеш рафта наметавонад. Вобаста ба ин мехоҳам гӯям, ки оилаҳои солим, тарбияи ҳисси поки боэҳтиромона ба падару модар, хешу ақрабо, дастгирии бечорагону корафтодагон ҳамон пайвандест, ки метавонад як оиларо ба оилаи дигар ва умуман тамоми халқи кишварро муттаҳид созад.

Дар ин давра, ки мо, тоҷикон, баъд аз ҳазорсолаҳо дорои давлати миллии хеш гардидем, ваҳдати миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихор ва худшиносии миллӣ шарти аввалини сарбаландӣ ва калиди ҳамаи муваффақиятҳои мост. Инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш набояд кард.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҳаёти ҳаррӯзаи занони мамлакати мо ҳанӯз душвориҳои зиёддорад ва он беҳбудии куллиро талаб мекунад. Мо мефаҳмем, ки занони кишвари мо низ ба мисли занони давлатҳои мутараққии ҷаҳон ба зиндагии хубтаре ҳақ доранд ва ман итминони комил дорам, ки ин орзуҳо зина ба зина амалӣ хоҳанд гардид.

Ба ин хотир Барномаи мубориза бо камбизоатӣ таҳия шуда истодааст, ки он бояд асоси фаъолияти иҷтимоии Хукуматро дар се соли оянда ташкил диҳад.

Умуман, сарфи назар аз ҳама мушкилот, мо имрӯз гуфта метавонем, ки барои пешрафти минбаъдаи мамлакат ва ноил шудан ба муваффақиятҳои нав асос гузошта тавонистем.

Аз ҳама муҳимаш, як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ки дар муддати кӯтоҳ дар мамлакат барпо гаштанд, он пешравиҳое, ки халқи мо баъд аз соҳиб шудан ба истиқлолият ба даст овард, як чизро собит мекунанд: халқ сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакатро дастгирӣ менамояд ва вазифаи худро дар он мебинад, ки сулҳу ваҳдат, амнияти миллӣ, волоияти қонуни ва бақову пойдории давлатро таъмин намоад.

Бинобар ин боварии комил дорем, ки рӯзгорамон сол аз сол беҳтар ва мамлакатамон ободтар мегардад.

Чунон ки гуфтам, имсол моро санаи муҳим — 10-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон интизор аст. Ба назари аввал, 10 сол дар назди таърих як лаҳза аст. Вале ин даҳ сол барои мо давраест, ки мо дар он пойдевори давлати миллии худро гузоштем, истиқлолиятро устувор намудем, роҳу равиши кишварро муайян сохтем ва аз ҷониби аҳли башар шинохта шудем. Даҳ соле, ки гузашт, барои мо тоҷикон давраи таҳкими истиқлолият, камолот ва исботи нангу номуси миллӣ мебошад.

Аз ин рӯ, мо боад тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, ки ин ҷашнро ба таври арзанда дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва бо дастовардҳои шоиста истиқбол гирем ва бо сари баланд ба марҳилаи нави тараққиёти ҷомеаи худ қадам гузорем.

Итминон дорам, ки шумо — модарон ва хоҳарони гиромӣ низ, сарфи назар аз ҳама мушкилоте, ки имрӯз ҷой доранд, вазифаи муқаддас ва масъулиятноки худро дар назди миллат содиқона иҷро мекунед ва дар пешрафту ободонии кишвар саҳми арзанда мегузоред.

Муҳимтар аз ҳама, аз мушкилиҳо наҳаросида, пеш бояд рафт. Кӯшиши якҷоя баҳри мақсадҳои умумӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, беҳбудии рӯзгор, таъмини саодати наслҳои оянда, ҳиссагузор будан дар сулҳи рӯйи замин ва кишвари худ моро ба мурод мерасонад.

Мо, ки рӯзҳои вазнинро паси сар намудем, бояд як чизро амиқ дарк намоем: бақову пойдории давлат ва рӯзгори ободи мо пеш аз ҳама ба худи мо вобаста аст. Танҳо азму талоши ватандӯстона, меҳнати фидокорона, устуворӣ дар роҳи ҳалли вазифаҳои гузошташуда асоси мустаҳкам шудани давлат ва боиси сарбаландии ҳар фарди бедордили тоҷик мебошад.

Мо медонем, ки маҳз модар бо иффат, ақлу фаросат, бо хулқи ҳамида, меҳру шафқат рӯзгори моро зеб медиҳад. Модари тоҷик ҳамеша толиби сулҳ аст, аз ин рӯ, ман бовар дорам, ки ӯ барои пойдории сулҳ ва эҳёи Тоҷикистон мудом саҳм мегирад ва ҳидоятгари корҳои нек ба наврасону ҷавонон мешавад.

Дар ин ҷодаи пуршараф ва дар айни замон заҳматталаб барои ҳамаи занону духтарони мамлакат сиҳатмандӣ, рӯҳи болида, рӯзгори обод ва хотири шод орзумандам.

Идатон муборак, модарон ва хоҳарони азиз!

Ба бахти ҳамаи мо ҳамеша саодатманд ва хушбахт бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520