Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нозироти андози шаҳру минтақаи Кӯлоб

31.08.2015 12:02, шаҳри Кӯлоб

Худи ҳамин рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои панҷошёнаи нозироти андози шаҳру минтақаи Кӯлоб иштирок кард. Дар сари роҳ Сарвари давлатро сокинони шаҳр хеле гарму самимиӣ бо рақсу суруд пазироӣ карданд.

Сарвари давлат ба сару либоси бонувони ин шаҳри бостонӣ баҳои баланд дода, онҳоро ба гиромидошти анъанаҳои неки аҷдодӣ ва риояи расму ойинҳои миллӣ ва дурӣ ҷустан аз бегонапарстӣ ҳидоят кард.

Сипас бо буридани лентаи рамзӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нозироти шаҳри Кӯлобро ифтитоҳ кард.

Бинои мазкур аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни шиносоӣ аз шароити корӣ дар ин ҷо ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки аз таҳкурсӣ сар карда то охирин корҳои бунёдиро сохтмончиёни Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи Сензиянси Академияи Ҷумҳурии Халқии Хитой иҷро намудаанд.

Корҳои рангуборкунии берун ва даруни биноро мутахассисони Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Меҳансоз” ба итмом расонидаанд. Барои дар вақти муқарраргардида ва бо сифат ба анҷом расондани корҳо дар як баст беш аз 120 нафар сохтмончӣ фаъолият дошт. Сохтмони иншоот моҳи сентябри соли 2013 оғоз шуда, ҳаҷми умумии корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ 15 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил менамояд. Бинои нозироти андози шаҳру минтақаи Кӯлоб дорои толори васеи маҷлисгузаронӣ, утоқҳои зебою барҳаво буда, дар назди бино ду фаввораи муосир сохта шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандон барои расондани хизмати дар сатҳи хуб дастур дод.

Дар бинои мазкур 52 нафар кормандони нозироти андоз ба 32 ҳазор андоз супоранда хизмат мерасонанд.

Инчунин барои баланд бардоштани малакаи мутахассисони соҳа дар бинои мазкур як маркази таълимӣ низ бунёд ёфтааст, ки он бо тамоми шароити будубош таъмин гаштааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520