Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Меҳмонхонаи Чанор дар шаҳри Кӯлоб

31.08.2015 13:11, шаҳри Кӯлоб

Баъди ифтитоҳи бинои замонавии Нозироти андози Кӯлоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр Меҳмонхонаи Чанорро барои 100 ҷой ифтитоҳ намуд.

Сохтмони меҳмонхона аз ҷониби Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Комил-2010» ба анҷом расида, бо тарҳи муосир бунёд шудааст. Барои бунёди таҷҳизонидани меҳмонхона беш аз 46 миллион сомонӣ сарф гардид. Бино бо таҳхона ва мансард аз 13 ошёна иборат мебошад.

Акнун баъди бунёди меҳмонхона зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар ошёнаи аввал як китобхона бо 7 ҳазор китоб мавҷуд аст. Дар қисми дигари ҳамин ошёна, хамчунин як маркази савдо ба истифода дода шуд.

Дар ошёнаи якум Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунари дӯзандагони моҳир, заргарон, ҳайкалтарошон, рассомон аз наздик шинос шуда, ба маҳорати онҳо баҳои баланд дод.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 68 нафар кӯдакони ятим тӯҳфаҳои пурарзиш, аз ҷумла сару либос тақдим кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520