Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов

01.09.2015 09:03, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи табрикӣ ирсол кард, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич,

Бо хушҳолии бузург ба Шумо ва ба тамоми мардуми Ӯзбекистон ба муносибати солгарди иди миллии кишваратон - Рӯзи истиқлолият табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ирсол медорам.

Мардумони моро риштаҳои қавии дӯстӣ ва ҳамсоягии нек муттаҳид намуда, робитаҳои таърихан таркибёфтаи маънавию фарҳангие ба ҳам мепайванданд, ки барои рушди муваффақонаи муколамаи байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ заминаи боэътимод бояд бошанд.

Тоҷикистон ба рушди бемайлони ҳамкории бисёрҷонибаи миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аҳамияти бузург медиҳад ва барои рушди минбаъда ва пурмуҳтаво намудани мундариҷаи он талош меварзад. Дар солҳои охир афзалият пайдо кардани ҷараёни нек дар муносибатҳои дуҷониба барои рушди минбаъдаи ин муносибатҳо заминаи хуб мегузорад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, мехостам, қарори қатъии моро барои истифодаи ҳамаи имкониятҳо баҳри рушди минбаъда ва тақвият бахшидан ба муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилаи миёни ҳарду давлат таъкид кунам. Омода ҳастам, ки якҷоя бо Шумо ҷидду ҷаҳди ҳарчи бештари худро баҳри устувор кардан ва тақвият бахшидан ба анъанаҳои чандинасраи дӯстии миёни халқҳоямон ва ёрии ҳамдигарӣ истифода барам.

Ба Шумо, муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, саломатии қавӣ, саодати зиндагӣ ва муваффақиятҳои нав ба нав дар пешрафти кишвари Ӯзбекистон ва ба халқи дӯсти Ӯзбекистон сулҳу рафоҳат таманно дорам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520