Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Боғчаҳои хусусӣ дар ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат

06.09.2015 08:23, шаҳри Ваҳдат

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти  Гулистон боғчаи кӯдаконаи “Бону” - ро ифтитоҳ намуд.

Боғчаи Бону бо маблағи 4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мурод Сафаров барои дар як вақт фаро гирифтани 150 кӯдак сохта шудааст.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ҷамоати деҳоти Гулистон калонтарин дар шаҳри Ваҳдат аст ва аллакай аз ҷониби сокинон боз барои фаро гирифтани кудакон боғча беш аз 700 дархост ворид гардидааст.

Дар доираи дастгирии Ҳукумати кишвар аз соҳибкории хурду миёна соҳибкорони ватандӯст бо шукрона аз ваҳдату ҳамбастагӣ дар корҳои ободонии диёри хеш саҳми муносиб мегузоранд.

Дар шафати боғчаи Бону толори наву замонавӣ бо 400 ҷой аз тарафи соҳибкор Мурод Сафаров бунёд шудааст, ки барои ин иқдом низ Президенти мамлакат ба соҳибкор изҳори сипос кард.  

Имрӯз ҳамчунин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як кӯдакистони дигарро, ки аз ҷониби соҳибкор Ҳамза Фозилов бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бо 100 ҷой сохта шудааст, ба истифода дод.

Соҳибкорон Мурод Сафаров ва Ҳамза Фозилов уҳдадор шуданд, ки боз биноҳои иловагӣ бо 300 ҷой барои кудакони ин ҷамоат бунёд мекунанд.

Баъди шиносоӣ бо шароити муассисаҳои муосири томактабӣ Президенти мамлакат ба соҳибкорон барои ин иқдоми ватандӯстонаашон миннатдорӣ карда, баҳри анҷоми ин кори ибратбахшашон баҳои баланд дод.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки айни ҳол чунин корҳои ободонӣ бо нишони ҷонибдорӣ аз сиёсати неку бобарор ва созандагии роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат дар шаҳри Ваҳдат идома дорад.

Сохтмони мактаби нав дар шаҳраки навбунёди Истиқлолият барои 1240 нафар хонанда дар як баст, маҳаллаҳои чаҳордаҳуму бистум барои 640-нафарӣ хонанда бомуваффақият ҷараён доранд.

Дар маҷмуъ дар шаҳри Ваҳдат 150 муассисаи таълимӣ фаъолият намуда, дар онҳо 3290 нафар омӯзгорони болаёқату соҳибихтисос ба 62 ҳазору 903 нафар фарзандони меҳнаткашон илму маърифат меомӯзанд.

Дар 17 кӯдакистони шаҳр бошад, садҳо нафар кӯдакон ба нигоҳубин ва таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520