Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози фаъолияти Корхонаи сементбарории ҶДММ «Тоҷ-Чайна-2013»

06.09.2015 12:15, шаҳри Ваҳдат

Худи ҳамин рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба оғози фаъолияти Корхонаи сементбарории Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Тоҷ-Чайна-2013» асос гузошт.

Мавриди зикр аст, ки моҳи январи соли 2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар ин корхона санги асос гузошта буд.

Корхонаи сементбарории «Тоҷ-Чайна-2013» аз тарафи ширкати Ёқут - 2000 бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд карда шуд. Иқтидори истеҳсоли солонаи он 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент буда, дар як баст 400 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуд.

Баробари ба кор оғоз кардани навбати дуюми корхона боз 400 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад.

Дар ин корхона сементи навъи 500 ва 600 истеҳсол мегардад, ки дар бозори дохил ва хориҷи кишвар харидорони бешумор дошта, дар сохтмони тамоми намуди иншоот, аз ҷумла иншооти бузурги саноатӣ ва гидротехникию гидроэнергетикӣ низ васеъ истифода мешавад.

Акнун баъди ифтитоҳи корхонаи Тоҷчайна - 2013 иқтидори истеҳсолии корхонаҳои сементбарории мамлакат афзун гардида,  воридоти ин маводи сохтмонӣ аз хориҷ коҳиш меёбад ва ба поён рафтани нарх мусоидат хоҳад кард.

Баъди ифтитоҳи корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ширкат супориш дод, ки мутахассисони маҳаллӣ барои фаъолият дар ин ҷо омӯзонида шуда, 99 фоизи онҳо аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ бо кор ҷалб карда шавад.

Баъди ифтитоҳи корхона дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди коргарону мутахассисон суханронӣ намуда, оғози фаъолияти ин коргоҳи саноатиро табрик намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520