Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10.09.2015 19:38, шаҳри Душанбе

Дар робита ба ҷашни умумихалқӣ-24-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияҳо ва паёмҳои табрикотӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятии як қатор кишварҳо ворид гашта истодаанд.

Аз ҷумла дар барқияи Президенти Ҷумҳурии Фаронса  Франсуа Олланд омадааст:

“Ҷаноби Президент,

Ба муносибати Ҷашни миллии Тоҷикистон-Рӯзи истиқлолият ман ба Шумо ва ба халқи шумо сулҳ, хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно дорам.

Моҳи ноябри соли гузашта пурра баравордани полки ҳавоии Франсия аз Фурудгоҳи Душанбе доир гардид, ки аз соли 2001 барои дастгирии қӯшунҳои мо дар Авғонистон дар Тоҷикистон мустақар буд, барои ин амал ва дастгирӣ ман бори дигар миннатдории худро ба Шумо изҳор медорам.

Ширкатҳои форансавӣ ба кишвари Шумо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо форуми тиҷоратии моҳи апрел дар шаҳри Душанбе  бо ҳайатҳои Фаронса баргузоршударо хуб қабул кардаанд.

Умедворам, ки ҳамкории иқтисодии мо, ки аллакай Фаронса бо сармоягузорӣ ба лоиҳаҳо дар соҳаҳои нафту газ ва тиҷорат саҳми назаррас гузоштааст, минбаъд ҳам таҳким ёфта, ба нафъи ҳарду кишварҳоямон вусъат меёбанд.

Ҷаноби Президент, изҳори самимии маро бо эҳтироми воло қабул фармоед”.

Дар барқияи табрикии Президенти Украина Пётр Порошенко навишта шудааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович!

Аз номи мардуми Украина ва шахсан аз номи худам Шуморо бо Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.

Мутмаинам, ки ҳамкории бисёрҷониба миёни Украина ва Тоҷикистон, ки ба робитаҳои дӯстӣ ва манфиати дуҷониба асос ёфтаанд, минбаъд низ ба нафъи халқҳои кишварамон рушд мекунанд.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, саломатии бардавом, ба фаъолиятҳои давлатӣ муваффақиятҳои нав ва ба халқи тоҷик сулҳ ва бурдборӣ таманно дорам”.

Президенти Ҷумҳурии сотсиалистии Ветнам Чионг Тан Шанг дар паёми шодбошии худ ба Сарвари давлати мо қайд мекунад:

«Ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Давлат ва мардуми Ветнам, ман ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва ба тамоми мардуми Тоҷикистон табрикоти самимти худро ирсол медорам.

Мо ҳамеша бо хушнудӣ муваффақиятҳои ноилшудаи Тоҷикистонро дар самти субот ва рушди кишвар қайд менамоем.

Амиқан мутмаинам, ки муносиботи анъанавии дӯстона ва ҳамкории бисёрҷониба дар асоси баробарҳуқуқӣ ва мутақобилан судманд миёни Ветнам ва Тоҷикистон рӯз аз рӯз ба нафъи мардуми кишварҳоямон, ба хотири сулҳу шукуфоӣ дар минтақа ва ҷаҳон густариш ёфта, рушд мекунанд.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом, хушбахтӣ, ва муваффақиятҳои зиёд дар мақоми баландатон орзумандам”.

Дар паёми шодбошии Директори кулли ЮНЕСКО  Ирина Бокова қайд шудааст:

Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати таҷлили Иди миллии кишваратон дар рӯзи 9 сентябр аз номи ЮНЕСКО ва шахсан табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринро ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон ирсол медорам.

Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ тавассути ЮНЕСКО нақши фаъол мебозад. Феълан, тадорукоти бомуваффақияти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015-ро дар ёд дорам, ки дар ш.Душанбе аз 9 то 11 июни соли 2015 баргузор гардида буд, ва мутмаинам, ки он ба тақвияти аҳамияти масоили обӣ дар рӯзномаи рушди байналмилалӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Аз сафари хеш ба кишвари Шумо дар соли 2013 ва мушоҳидаи бевоситаи ҳамкории самараноки мо хеле хушнуд будам. Ман, бешубҳа, минбаъд низ дар ҷодаи рушду таҳкими ин муносибатҳои густурда кӯшиш ба харҷ хоҳам дод.

Бо таҷдиди изҳори шодбошӣ, хоҳишмандам, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми маро қабул фармоед”.

Барқияҳои табирикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмона ҳамчунин ворид шуданд аз:

Шоҳи Белгия – Филипп,

Шоҳи Шветсия - Карл XVI Густав,

Муовини президенти Парлумони Аврупо -  Ричард Чарнески,

Вакили Парлумони Аврупо, Раиси гурӯҳи Парлумони Аврупо доир ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ – Ивет Григуле,

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ - Петер Буриана,

Дабири кулли Созмони ҳамкории Исломӣ– Ияд Амин Мадани ва дигарҳо.

Ба муносибати ҷашни миллии кишвар-Рӯзи истиқлолият воридшавии номаҳои шодбошӣ ба Сарвари давлат идома доранд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520