Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян

21.09.2015 15:18, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Серж Азатович,

Аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳам Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Арманистонро бо солгарди ҷашни миллии кишвар-Рӯзи истиқлолият табрик гӯям.

Тоҷикистон ба муносиботи шарикӣ бо Арманистон арҷ мегузорад ва мо бо қатъият хоҳони ба таври муназзам рушд додани ҳамкории мутақобила дар тамоми самтҳоем. Муътақидем, ки бо кӯшишҳои муштараки мо ҳамкории мутақобилаи ду кишвар мустаҳкам гардида, бахшҳои нав ба навро фаро мегирад.

Ба Шумо, Серж Азатовичи муҳтарам, таманнои сиҳатии комил ва муваффақиятҳои минбаъдаро намуда, ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520