Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор

22.09.2015 09:50, шаҳри Ҳисор

Худи ҳамин рӯз дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро расман ифтитоҳ намуд.

Дар саҳни ҳавлӣ Сарвари давлатро хонандагони хуштолеъ бо суруду шеърҳо дар васфи Ватан ва пешвои халқ истиқбол гирифтанд.

Фармоишгар - Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ дар ин бинои боҳашамат моҳи майи соли 2014 оғоз гардид.

Барои бунёди мактаби президентӣ бо 640 ҷой беш аз 60 миллион сомонӣ маблағ сарф шуд.

Дар назди мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор 2 хобгоҳ барои 400 хонанда, 1 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ бо 36 хона барои омӯзгорон, толору майдонҳои варзишӣ ва ҳамаи шароити дигари мувофиқ ба талаби замон бунёд шудааст.

Пеш аз шиносоӣ бо шароити таълим дар Мактаби Президентӣ  Сарвари Давлат ба як қатор омӯзгорон калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуд.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки мактаби президентӣ аз як бинои се ошёнаи таълимӣ иборат буда, дорои 43 синфхонаю кабинетҳои фаннӣ, 7 озмоишгоҳ ва дигар шароити мусоиди дарсомӯзӣ мебошад. Дар ин муассисаи таълимӣ айни ҳол 50 нафар омӯзгори ботаҷриба тариқи озмун ба кор ҷалб гардидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳои барҳавои мактаб боздид ба амал оварда, таъкид намуд, ки таҳсили хонандагон дар чунин муассисаи бошукӯҳ бояд дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ сурат гирад.

Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор дорои тамоми шароити таълимӣ буда, бо навтарин таҷҳизот ва технологияи муосир муҷаҳҳаз мебошад.

Ҳамчунин дар ин муассисаи таълимӣ толорҳои барҳавои фарҳангию варзишӣ, китобхонаи электронӣ, ошхонаю хобгоҳҳои замонавӣ муҳайё гардидааст.

Тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин муассисаи таълимӣ беҳтарин хонандагон тариқи озмун аз шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Турсунзода барои таҳсил қабул карда мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сӯҳбат бо хонандагон онҳоро ба хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, дӯст доштани ватан ва гиромидошти арзишҳои миллӣ ҳидоят намуд. Хонандагони мактаб низ дар навбати худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин муассисаи бошукӯҳи таълимӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.

Барои хонандагон ҳамчунин ду бинои хобгоҳ низ бунёд гардидааст. Сарвари давлат аз шароити хобгоҳҳои хонандагон аз наздик шинос шуд.

Ин муассисаи муосири таълимӣ аз рӯи шаҳомат пас аз боргоҳҳои илму маърифат дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб, Чкалов ва Бохтару Данғара ҳафтумин мактаби президентӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Пас аз шиносоии пурра бо шароити таълим ва хобгоҳҳои мактаби президентӣ дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон ва сокинони ноҳияи Ҳисор мулоқот карда, ифтитоҳи ин муассисаи таълимии замонавиро ба онҳо табрик намуд.

Сарвари давлат таъкид кард, ки ба фаъолият оғоз кардани мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар арафаи ҷашни се ҳазорсолагии Ҳисор тӯҳфаи арзандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ба фарзандони сокинони ноҳия мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520