Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз заминҳои Корпоратсияи “Баракат” дар ноҳияи Ҳисор

22.09.2015 14:37, шаҳри Ҳисор

Худи ҳамин рӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҳисор Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти меҳнаткашон дар хоҷагии намунавӣ ва овозадори Корпоратсияи Баракат аз наздик шинос шуд.

Тавре маълум гардид, ки ин хоҷагӣ серсоҳа буда, дар масъалаи парвариши чорво низ дар ҷумҳурӣ пешсаф аст.

Тавре иттилоъ доданд, танҳо аз ҳамин хоҷагӣ ба хориҷ рӯзҳои охир беш аз 5000 тонна ангур содирот шудааст. Айни ҳол дар заминҳои хоҷагӣ ҳосил фаровон аст.

Дар ин хоҷагӣ 8 намуд ангур, аз ҷумла кишмиши сиёҳ парвариш карда мешавад.

Дар ҳамин хоҷагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти намунавии боғдорон шинос шуд.

Дарахтони сербори себ аз фаровонии ҳосили ин навъи мевагӣ дар хоҷагӣ дарак медиҳад. Президенти мамлакат ба фаъолияти боғдорон, ки ҳамзамон ба хушк кардани себ машғул буданд, баҳои баланд дода, ба онҳо барори кор ва файзу баракат таманно кард.

Дар қитъаи дигари заминҳои хоҷагӣ ба Сарвари давлат яке аз навъҳои беҳтарини ангури ҳусайнӣ пешкаш карда шуд.

Ин навъи ангур дар майдони қариб 4 гектар доман паҳн кардааст ва аз рӯи гуфти боғбон онҳо аз ҳар як гектар замин 50 тонна ҳосил гирифтанианд.

Президенти мамлакат ба боғдорони пуртаҷрибаи ин хоҷагӣ низ барои фаъолияти пурсамар баҳои баланд дод ва ба онҳо барои ҷамъоварӣ, нигоҳубин ва содироти ин маҳсулоти серхарид маслиҳатҳои муфид дод.

Сарвари давлат барои фаъолияти пурсамар ва бо кор таъмин кардани садҳо нафар сокинони ноҳия ба роҳбарияти хочагӣ изҳори сипос намуда, ин иқдоми онҳоро намунаи ибрат номид.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти меҳнаткашони Корпоратсияи “Баракат” сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор ба охир расид.    

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520