Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

27.09.2015 03:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Шоми дирӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити бахшида ба ҷашни 70-солагии Созмони Милали Муттаҳид, мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва мулоқоти СММ дар сатҳи олӣ ҷиҳати тасдиқи Рӯзномаи рушд барои давраи баъди соли 2015 ба шаҳри Ню-Йорки ИМА омад.

Субҳи имрӯз дар доираи мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об"-ро бо иштироки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва як қатор Сарони давлатҳои узви СММ хоҳад орост.

Ҳамчунин интизор меравад, ки Сарвари Давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чандин ҳамоишҳои дигари сатҳи олӣ, аз ҷумла: муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим», Форуми сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ, чорабинии сатҳи баланди «Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором», Саммити сарварони ҷаҳонӣ оид ба мубориза бо «Давлати исломӣ» ва як силсила мулоқотҳои дуҷонибаи судманд бо сарони кишварҳои узв ва созмонҳои байналмилалӣ анҷом хоҳад дод.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷаласаи ҷашнии 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ш.Ню-Йорк дар қароргоҳи Созмони Милал 15 сентябр оғоз ёфт. Имсол Могенс Люккетофт, собиқ раиси парлумони Шоҳигарии Дания, ба ҳайси Раиси Маҷмаи Умумии СММ интихоб гардид. Мубоҳисаҳои умумии солонаи Маҷмаи Умумӣ аз 28 сентябр то 3 октябр баргузор мегарданд.

Иштирок ва суханронии 154 сарони давлату ҳукуматҳо дар ин иҷлос, аз ҷумла сарварони давлатҳои Федератсияи Россия Владимир Путин, Хитой Си Ҷинпин, Эрон Ҳасан Руҳонӣ, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Арманистон Серж Саргсян, Беларус Александр Лукашенко, Украина Петро Порошенко, Штатҳои Муттаҳидаи Америка Барак Обама, канслери Олмон Ангела Меркел, Фаронса Франсуа Олланд, инчунин раиси иҷроияи Ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва дигарон дар назар аст. Ҳайатҳои ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Узбекистон ва Озарбойҷонро дар иҷлос вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо роҳбарӣ менамоянд.

Зимни муҳокимарониҳои умумисиёсӣ 485 чорабинӣ пешбинӣ шудааст, ки онро ҳадди ақал се ҳазор хабарнигор инъикос хоҳад кард.

Рӯзномаи Иҷлоси 70-уми Маҷмаи Умумии СММ аз 170 масъала иборат буда, фарогири мавзӯъҳои умумии ба монанди мусоидат ба болоравии мунтазами иқтисодӣ ва рушди устувор, пешгиии пайомадҳои ногувори тағйирёбии иқлим нигоҳдории сулҳу амнияти байналмилалӣ, рушди Африка, ҳифз ва ҳавасмандгардонии ҳуқуқҳои инсон, ҳамоҳангсозии муассири талошҳо оид ба расонидани кумаки башардустона, халъи силоҳ, назорати маводи нашъаовар, пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ дар ҳамаи шаклу зуҳуроти он мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520