Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқоти СММ дар сатҳи олӣ ҷиҳати тасдиқи Рӯзномаи рушд барои давраи баъди соли 2015

27.09.2015 19:52, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Соли ҷорӣ соли анҷоми татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аст. Дастовардҳо ва дарсҳои аз татбиқи ҳадафҳои мазкур гирифтаи мо асоси таҳияи Рӯзномаи нави рушдро барои давраи баъди соли 2015 ташкил доданд. Дар ин кор Гурӯҳи кории байниҳукуматии ҳайати кушодадоштаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид нақши муҳим бозид ва ба он муяссар гардид, ки дар зарфи ду соли охир Ҳадафҳои Рушди Устувори барои давраи то соли 2030 пешбинишударо, муайян созад ва ҳамоҳанг намояд.

Ҳамин тариқ, мо ба наздикӣ ба татбиқи Рӯзномаи нав оғоз мекунем ва он дар шароити афзоиши пайдо кардани натиҷаҳои манфии таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил, низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои молиявю иқтисодӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ, таназзули захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ ва техногенӣ, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда сурат хоҳад гирифт, ки онҳо ба амнияту суботи ҷаҳон хатар эҷод намуда, метавонанд монеаи расидан ба рушди устувор гарданд.

Аз ин рӯ, мо чунин мешуморем, ки саъю талошҳои иловагии ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба ташаккули фазои мусоид ба хотири татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар миқёси дунё равона карда шаванд.

Санади нав ҳуҷҷати нодирест, зеро ба он ҳадафу вазифаҳои мушаххас дар бахши рушди иқтисодиёт, инкишофи иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист – ин се пояи рушди устувор ба таври муназзам ва мукаммал шомил шудаанд.

Мо итминон дорем, ки маҷмӯаи вазифаву мақсадҳое, ки дар чаҳорчӯби Ҳадафҳои Рушди Устувор муайян шудаанд ва ба ҳаллу фасли чунин мушкилот, аз қабили решакан кардани камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини тандурустӣ ва маорифи босифат, истифодаи оқилонаи захираҳои об, беҳтар намудани дастрасӣ ба манбаъҳои арзон ва боэътимоди энергия, бунёди инфрасохтори рушдёфта, андешидани чораҳои таъҷилӣ ба муқобили тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он, коҳиш додани сатҳи нобаробарӣ байни кишварҳо, таъмини баробарии гендерӣ дар миқёси ҷаҳон равона шудаанд, идомаи мантиқии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола маҳсуб меёбанд.

Ҷаноби Раис,

Тоҷикистон, ки дар раванди татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола кишвари пилотӣ буд, ба раванди такмили Барномаи пешина, таҳия ва татбиқи Барномаи нави рушд барои давраи баъди соли 2015 таваҷҷуҳи хоса медиҳад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳия ва ҳамоҳангсозии Барномаи рушди ҷаҳонӣ барои давраи баъди соли 2015 фаъолона ширкат варзид ва аз тариқи гузаронидани машваратҳои миллӣ бо мақсади ҳарчи васеътар инъикос намудани кӯшишу талоши доираҳои васеи аҳолии мамлакат дар самти Ояндае, ки онҳо мехоҳанд, дар ин гуфтугӯи умумиҷаҳонӣ саҳм гирифт.

Ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи нави миллии рушди кишварро барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди миллиро барои солҳои 2016-2020 таҳия карда истодааст, ки дар онҳо илова ба самтҳои афзалиятноки рушди устувори кишвар вазифаҳои дар Ҳадафҳои Рушди Устувор муайянгардида ҳарчи зиёдтар ба назар гирифта хоҳанд шуд. Барномаи стратегии қолабии Созмони Милал ҷиҳати кумак ба рушди Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016 то 2020, ки ба наздикӣ ҳамоҳанг гардид, ба ин амр мусоидат хоҳад кард.

Ҳадафи асосии барномаву стратегияи таҳияшаванда баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар аз тариқи таъмин намудани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодист. Бо мақсади ҳаллу фасли муваффақонаи маҷмӯаи масоили иҷтимоиву иқтисодӣ ва экологӣ дар чаҳорчӯбаи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 мо чунин ҳадафҳои стратегиро мисли таъмини амнияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ муайян намудем, ки бе татбиқи онҳо ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор душвор аст.

Дар навбати худ барои иҷрои ин ҳадафҳо татбиқи барномаҳои марбута дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ зарур аст. Дар ин раванд барои мо афзоиши самараи истифодаи сарватҳои миллӣ ва сармояи инсонӣ, диверсификатсия ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, тақвияти рушди сохтории кишвар, таҳкими табақаи миёнаҳол ва инчунин, рушди мутавозини ҳамаи манотиқи мамлакат самтҳои афзалиятнок маҳсуб мешаванд.

Барои бомуваффақият иҷро намудани ин вазифаҳо сафарбар намудани воситаҳои молиявии зарурӣ лозим аст, ки дар шароити таҳаввулоти зудтағйири муносибатҳои байналмилалӣ ва сар задани буҳронҳои нав ба нав дар манотиқи мухталифи дунё кори мушкилест.

Аз ин рӯ, саривақтӣ будани афзоиши ҳаҷми кумаки расмӣ барои рушд, ки омили муҳимми бо пул таъмин намудани инкишоф аст, эҳсос мешавад. Ин вазъ фаъолтар гардонидани тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузориро, ки муҳаррикони асосии рушди истеҳсолот мебошанд, инчунин ҳавасмандсозӣ ва мусоидат намудан ба интиқоли технологияҳои нави аз лиҳози экологӣ қобили қабулро тақозо дорад.

Ҷаноби Раис,

Возеҳ аст, ки роҳи оғозкардаи мо ба сӯи рушди устувор ҳамвору осон нест. Аз ин рӯ, мо бояд азми дастаҷамъонаи худро нигоҳ дорем ва ба кишварҳое, ки бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд, дасти ёрӣ дароз намоем. Зимнан, дар ёд бояд дошт, ки баъзе кишварҳои рӯ ба инкишоф татбиқи барномаи амалро барои рушди устувор дар вазъи хеле номусоид оғоз менамоянд. Биноан зарурати дастгирӣ намудани кишварҳои дар вазъияти махсус қарордошта, аз ҷумла мамлакатҳои рӯ ба инкишофи дар минтақаҳои баландкӯҳ ва душворгузар воқеъгашта, инчунин кишварҳое, ки ба баҳр роҳи баромад надоранд боқӣ мемонад.

Ҷаноби Раис,

Дар фарҷоми суханронии худ мехостам таъкид намоям, ки Тоҷикистон минбаъд низ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, муассисаву барномаҳои Созмони Милал, кишварҳои шарик ва созмонҳои манфиатдор ба хотири татбиқи муваффақонаи Ҳадафҳои Рушди Устувор фаъолона ҳамкорӣ хоҳад кард.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520