Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

12.04.2024 18:20, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони ду давлат вазъи вобаста ба обхезии баҳориро дар як қатор минтақаҳои Қазоқистон баррасӣ намуданд.

Сарвари давлати мо дастгирии ҷониби моро аз мардуми бародари Қазоқистон дар робита ба обхезиҳои  калонмиқёс дар он кишвар изҳор карданд.

facebook
twitter

Иштирок дар чорабинии фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд”

Иштирок дар чорабинии фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд”

11.04.2024 21:30, шаҳри Хуҷанд
Иштирок дар чорабинии фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” 11.04.2024

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар чорабинии фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ карданд. 

facebook
twitter

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд

11.04.2024 19:40, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!

Бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддаси ниёгонамон – Наврӯз, иди саиди Фитр ва баъди азнавсозӣ ифтитоҳ гардидани ёдгории таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», ки туҳфаи арзандаи наврӯзӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва меҳмонони кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

facebook
twitter

Ифтитоҳи Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” баъд аз таъмиру навсозӣ

Ифтитоҳи Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” баъд аз таъмиру навсозӣ

11.04.2024 13:50, шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” баъд аз таъмиру навсозӣ 11.04.2024

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварда, ин иншооти муҳташами таърихиро, ки ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст, баъди эҳё ва барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

facebook
twitter

Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд

Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд

11.04.2024 11:50, шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд 11.04.2024

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” -ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи томактабии замонавӣ дар маркази вилояти Суғд дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи давлатии комуналии “Идораи сохтмони асосӣ”-и шаҳри Хуҷанд дар давоми як сол бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст.  

facebook
twitter

Ифтитоҳи Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд

Ифтитоҳи Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд

11.04.2024 11:46, шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд 11.04.2024

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои наву замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ бунёд шудааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

facebook
twitter

Ифтитоҳи Маркази тиббии “Микролаб” дар шаҳри Хуҷанд

Ифтитоҳи Маркази тиббии “Микролаб” дар шаҳри Хуҷанд

11.04.2024 11:26, шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи Маркази тиббии “Микролаб” дар шаҳри Хуҷанд 11.04.2024

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии “Микролаб”-ро мавриди истифода қарор доданд.

facebook
twitter

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд

11.04.2024 10:40, шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд 11.04.2024

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро, ки дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сирдарё” бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи нав ба истеҳсоли равғани пахта ва офтобпараст машғул буда, дар як сол иқтидор дорад то 18 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол намояд.

facebook
twitter

Иштирок дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи ҳавозавӣ дар Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Иштирок дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи ҳавозавӣ дар Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

11.04.2024 09:40, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Иштирок дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи ҳавозавӣ дар Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 11.04.2024

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Минтақаи таълимӣ - таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи ҳавозавӣ иштирок карданд.

facebook
twitter

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд

10.04.2024 20:25, шаҳри Гулистон
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд 10.04.2024

10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520