Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Хадамот) идораи мустақили Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мебошад.
Хадамот доир ба тарғибу ташвиқи фармон, амр ва дастурҳои Президенти Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори умум фаъолият намуда, ба ташаккули афкори мусбати ҷомеа мусоидат мекунад.
Вазифаҳои асосии Хадамот аз таъминоти иттилоотии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат тавассути омода кардани ахбори расмӣ, гузоришҳои муфассал ва дигар маводи иттилоотию таҳлилӣ оид ба ҷараён ва натиҷаҳои он, гузаронидани нишастҳои матбуотӣ ва мусоидат кардан ба воситаҳои ахбори умум баҳри омодасозии мавод иборат мебошад.
Хадамот иҷрои вазифаҳои худро дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои ҷамъиятӣ ва хадамоти матбуотии онҳо ва ҳамчунин бо воситаҳои ахбори умум ба роҳ мемонад.
Масъулони хадамоти матбуот ҷараёни равандҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии дохил ва хориҷи кишвар ва ҳамчунин инъикоси фаъолияти Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакатро дар воситаҳои ахбори умум пайваста зери назорат қарор дода, дар ҳолатҳои зарурӣ ба роҳбарият ахборот пешниҳод мекунанд.
Шарифзода Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб
Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарифзода Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб 26 майи соли 1959 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаррих хатм кардааст. Доктори илмҳои таърих, профессор. Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Соли 1966 ба мактаби миёнаи №19-и деҳаи Сангистон рафта, то соли 1972 дар онҷо таҳсил кардааст. Бинобар марги бармаҳали падар ва номусоид гардидани аҳволи зиндагии хонадон соли 1972 ӯро ба мактаб-интернати №2-и шаҳри Душанбе овардаанд.
Соли 1976 баъди хатми мактаб-интернат ба факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардида, соли 1982 онро бомуваффақият хатм намудааст.
Баъди хатми донишгоҳ соли 1982 ӯро ба ҳайси муаллими фанни таъриху ҷамъиятшиносӣ ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ барои кор ба мактаби миёнаи №19-и ноҳияи Айнӣ фиристодаанд.
Дар овони таҳсил дар Донишгоҳ аз соли 1976 то соли 1982 ва дар давраи таҳсил дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва омодагӣ ба ҳимояи рисолаи номзадӣ аз моҳи августи соли 1985 то моҳи декабри соли 1989 дар шуъбаи илмӣ-тадқиқотии Китобхонаи давлатии миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба сифати муҳаррир адои вазифа намудааст.
Моҳи декабри соли 1989 барои кор ба Кумитаи марказии Иттифоқи Ленинии Коммунистии Ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, то моҳи октябри соли 1991 дар вазифаҳои инструктор, муовини мудир, сипас мудири шуъбаи таблиғотии КМ ИЛКҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи октябри соли 1991 то моҳи апрели соли 1993 дар вазифаи мудири шуъбаи сиёсат ва фарҳанги Шӯрои Марказии Иттифоқии Ҷавонони Тоҷикистон фаъолият дошт.
Аз соли 1985 то соли 1996 ҳамзамон ба сифати устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст.
Бо Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 1993 ба ҳайси мушовир-сармутахассиси Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонон фаъолият намудааст. Аз моҳи апрели соли 1995 то январи соли 1998 бошад, ба ҳайси ёрдамчии Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз январи соли 1998 то феврали соли 2000 ба сифати мудири котиботи Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Моҳи феврали соли 2000-ум вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, моҳи марти ҳамон сол узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон тасдиқ гардидааст.
Аз моҳи июни соли 2000 то декабри соли 2003 муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф дар шаҳри Санкт-Петербург буд.
Аз соли 2000 то декабри соли 2004 аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аз моҳи феврали соли 2001 Муовини Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон интихоб гардидааст.
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2001 Раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон интихоб гардидааст.
19 феврали соли 2003 бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон интихоб шуд.
15 декабри соли 2003 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиби матбуотӣ – Роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид ва то имрӯз дар ин вазифа хизмат мекунад.
Ҳамзамон профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, тӯли бештар аз 30 сол аст, ки ба донишҷӯён аз фанни таърихи халқи тоҷик дарс мегӯяд.
Моҳи июни соли 1989 дар назди Шӯрои диссертатсионии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадиро дар мавзӯи: «Таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1976-1985)» ва моҳи декабри соли 2000 дар назди Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи докториро дар мавзӯи: «Таърихи таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон: таҷриба ва мушкилот (нимаи дуюми солҳои 40-ум – нимаи аввали солҳои 90-ум)» ҳимоя намудааст.
Узви Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳо барои дарёфти унвони доктори илмҳои таърих дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Муаллифи бештар аз 100 китоб ва зиёда аз 300 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ доир ба проблемаҳои маориф, мактаби олӣ ва таърихи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла: «Таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон», «Таҷрибаи таърихии тайёр намудани мутахассисон дар системаи таҳсилоти олии Тоҷикистон», «Таърихи мактаби олии Тоҷикистон», «Муассисаҳои олии таълимӣ дар Тоҷикистон», «Алоқаҳои байналмилалии муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон», «Маҷлиси Олии (Парламенти) Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ба се забон), «Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии (Парламенти) Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ба ду забон), «Тоҷикистон-20», «Тоҷики оламшумул», «Наҷотбахши миллат», «Фархундапай», «Асосгузори давлати навини тоҷикон» ва ғайра мебошад.
Ҳамчунин доир ба фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар аз 80 номгӯй солномаву асарҳои зиёди тарҷумаиҳолӣ ва таҳлилию таърихӣ таҳия ва нашр намудааст, ки силсилакитобҳои «Эмомалӣ Раҳмон – наҷотбахши миллат», «Эмомалӣ Раҳмон - поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмон ва оғози марҳалаи созандагӣ», «Эмомалӣ Раҳмон ва соле, ки ба қарнҳо баробар аст», «Эмомалӣ Раҳмон ва соли фарҳанги оламгир», «Эмомалӣ Раҳмон ва соли тамаддуни ориёӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Бо ташаббус ва ҳаммуаллифии Абдуфаттоҳ Шарифзода бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи видеофилмҳои таърихӣ-публисистии бисёрсериягӣ таҳия гардидааст, ки иборат аз 28 филм мебошад. 20 филм ба ҳар як соли даврони Истиқлолияти давлатӣ ва 8 филми дигар ба инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар дар самти рушди соҳаҳои алоҳидаи ҳаёти ҷомеа: таърихи куҳан – «Тоҷикон», сулҳоварӣ – «Меъмори сулҳ», ислоҳоти давлатӣ – «Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори давлати навини тоҷикон», роҳсозӣ – «Эмомалӣ Раҳмон – пайвандгари марзҳову дилҳо», энергетика – «Эмомалӣ Раҳмон ва истиқлоли энергетикӣ», кишоварзӣ – «Эмомалӣ Раҳмон ва амнияти озуқаворӣ», маориф – «Эмомалӣ Раҳмон - чароғи маърифат», сиёсати хориҷӣ – «Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомеаи ҷаҳон» бахшида шудаанд.
Филми дусериягии «Эмомалӣ Раҳмон – марде аз сарнавишт» аз филмҳои дигаре мебошад, ки ӯ дар таҳияи он саҳми назаррас гузоштааст ва он аз талошҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати пойдор нақл мекунад.
Муаллифи лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (соли 1993), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2002) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ» (соли 2003) мебошад.
Дар конференсияҳои илмию амалии байналмилалӣ дар шаҳрҳои Санкт-Петербург (солҳои 1996, 1999, 2000, 2001), Киев (соли 2001), Калининград (2003) ва Душанбе (солҳои 1983-2003) доир ба рушду густариши маориф ва таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон ва дар конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Авруосиё ва Аврупо: ҳамкорӣ ба хотири фарҳанги сулҳ ва рушди инсонӣ» дар шаҳри Париж (соли 2013) доир ба нақши сулҳоварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намудааст. Иштирокчии Конференсияи 97-ум ва 101-уми Иттиҳоди Байнипарламентӣ дар Сеул (Кореяи Ҷанубӣ, апрели соли 1997) ва дар Брюссел (Белгия, апрели соли 1999) мебошад.
Курсҳои кӯтоҳмуддати дуҳафтаинаи Хабаргузории иттилоотии бюрои масъалаҳои маориф ва фарҳанги ИМА дар мавзӯи «Омӯзиши таҷрибаи кори Конгресси ИМА» дар Вашингтон (ИМА, 1-15 июни соли 1996), Ташкилоти ҳамкориҳои байналмилалии Ҳукумати Япония дар мавзӯи «Раванди демократикунонӣ ва парламентаризм» дар Токио ва Киото (Япония, 3-16 феврали соли 2002), Ташкилоти байналмилалии оммавии Британияи Кабир дар мавзӯи «Пешрафти одоб ва стандартҳои касбӣ дар таъминоти ҷамъиятӣ» дар Лондон (Британияи Кабир, 11-22 ноябри соли 2002) ва барномаи махсуси Боварӣ ба Ҳукумати Австралия дар мавзӯи «Омӯзиши сохтори идораи давлатӣ ва хизмати давлатии Австралия» дар Сидней ва Канберра (Австралия, 12-25 майи соли 2003)-ро хатм намудааст.