12 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
"Мӯҳтарам Владимир Владимирович!
Ба муносибати солгарди қабули Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии давлатии Федератсияи Россия табрикотамро бо қаноатмандии зиёд ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба халқи дӯсти Россия ирсол медорам.
Тоҷикистон муносибатҳои иттифоқию ҳамкориро бо Россия қадр карда, мехоҳад онҳоро дар ҳамаи самтҳо мустаҳкам намояд ва густариш бидиҳад.
Изҳори боварӣ менамоям, ки мо бо саъю кӯшиши умумӣ метавонем ба ҳамкории барои ҷонибайн муфиди Тоҷикистону Россия, ки ба манфиатҳои ҳарду халқу давлат мувофиқ буда, омили муҳимми сулҳи минтақа мебошад, суръату густариши зиёде бахшем. Мо азму ирода дорем, ки барои ин ҳамаи саъю кӯшиши заруриро ба харҷ диҳем.
Иҷозат диҳед ба Шумо, мӯҳтарам Владимир Владимирович, тансиҳатии бардавому муваффақиятҳо ва ба халқи Россия беҳбудию шукуфоӣ орзу намоям".