3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Сайдулло Хайруллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Талбак Назаров, мушовири давлатии Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон Эркин Раҳматуллоев, раиси Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Амирқул Азимов, Прокурори генералӣ Бобоҷон Бобохонов ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили татбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Масъалаҳои таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" ва таҳлили нақшаҳои тадбиру чорабиниҳо барои амалӣ гардондани дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар рафти сафарҳои корӣ ба вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Рашт низ муҳокима гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон аз пешрафту дастовардҳои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои номбаршуда, ки дар рафти сафарҳои кориаш ба назар мерасиданд, изҳори қаноатмандӣ намуда, дастур дод, ки рафти татбиқи амалии якхелаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати қатъӣ гирифта шавад.
Дар мулоқот ҳамчунин ба масоили омодагӣ ба зимистон, интиқоли картошка аз водиҳои Рашту Зарафшон ва захира намудани он, пардохти саривақтии пули чинакчиёни пахта дахл карда шуд.
Масоили омодагӣ ба рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ва Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО, дар шаҳри Париж, чорабиниҳои ҷашнии 15 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги стратегӣ, аз қабили Нерӯгоҳҳои обии барқии "Роғун", "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда - 2" сохтмони роҳҳои байниминтақавии ҷумҳурӣ ва шоҳроҳҳои байналмилалӣ, бунёди нақбҳои Анзоб, Шаҳристону Шаршар ва дигар иншооти ҳаётан муҳим табодули назар карда шуд.