3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Хорст Кёлер барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:
"Ҷаноби Президент,
Табрикоти самимии маро ба муносибати иди миллии кишваратон - Рӯзи муттаҳидшавии Олмон қабул намоед.
Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳоро бо Олмон баланд арзёбӣ намуда, тасмим дорад, ки барои рушди пайвастаи муносибатҳои ду кишвар ва тавсеаи ҷанбаҳои равобити мутақобилан судманд аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода барад.
Боварии комил дорам, ки ҳамшарикии самарабахши ба ғояҳои сулҳу пешрафт асосёфтаи байни давлатҳои мо минбаъд низ таҳкиму тавсеа хоҳад ёфт.
Ба Шумо ҷаноби Президент ва ба мардуми ба мо дӯсти Олмон хушбахтию шукуфоӣ таманно дорам."