Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӯмаки молиявӣ ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ солҳои 1941–1945

07.05.2004 09:00, шаҳри Душанбе

7 май дар арафаи таҷлили 59-умин солгарди Иди ғалаба бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз як амри башардӯстона ба тасвиб расид. Дар асоси он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудааст, ки ҷиҳати ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ солҳои 1941 – 1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти кӯмакпулии яквақта ба андозаи 100 сомонӣ ба ҳар як нафар ҷудо намояд.

Иди ғалабаи бузург дар ҶБВ собитгари иттиҳоду ҳамбастагии халқҳои дӯсту бародар, хизматҳои беназиру таърихӣ, пирузии нерӯҳои солиму озодихоҳ бар қувваҳои истилогари фашистӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эҳтирому қадрдонии собиқадорони ҷангу меҳнатро дар сатҳи олӣ ба ҷо оварда, ҷиҳати баланд бардоштани мақому эътибори онҳо, таъминоти иҷтимоӣ ва дастгирии моддию маънавиашон тадбирҳои неку ҳавасмандиҳои башардӯстона андешид.

Дар асоси фармон ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол қабл аз ҳама нафақаи иштирокчиёни ҶБВ баланд бардошта шуда, масъалаи сари вақту бетаъхир ба онҳо расонидани маблағ таҳти назорати шахсии Сарвари давлат қарор дорад.

Ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба ба ҳар як иштирокчии ҶБВ  маблағҳои муайяни яквақта ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешавад. Ҳамзамон бо ифодаи дастгирӣ аз иқдоми хайрхоҳонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доираи мухталифи истеҳсолию соҳибкорӣ, ширкату муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ ба собиқ кормандони соҳа ва собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияи худ мадад мерасонанд. Иштирокчиёни ҶБВ дар асоси амри Сарвари давлат аз пардохти тамоми намудҳои хизмати коммуналӣ озод буда, дар гирифтани замин имтиёз доранд.

Бешубҳа, ин иқдоми навбатии Сарвари давлат бори дигар аз ғамхорию арҷгузории роҳбарияти олимақоми мамлакат ба собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ башорат медиҳад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520