Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

17.09.2004 16:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони давлатӣ, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, раиси бонки миллии Тоҷикистон, раисони шаҳру навоҳии Турсунзода, Рудакӣ, Шаҳринав, Ҳисор, Ваҳдат ва сармоягузорон машварат намуд.

Сарвари  давлат аз масъулин доир ба авзои кунунии ҷамъоварии ҳосили пахта, таъмини чинакчиён бо маблағ, сабабҳои суст будани ҷараёни ҳосилғундорӣ, ҷалби ғайриқаноатбахши техникаи пахтачинӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба он пурсон шуд.

То ба имрӯз беш аз 174 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки аз нишондиҳандаҳои солҳои қаблӣ зиёд мебошад, вале аз сабаби он ки дар муқоиса бо ҳосили ҳамин давраи солҳои гузашта ва ҳосилбандии ниҳолҳо имсол вазъият беҳтар аст, нишондиҳандаҳо қаноатбахш нестанд, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Омили асосии ҳалли масъалаҳои мавҷуда, танҳо ҳавасмандии деҳқонону ёрдамчиён аст. Аз ин рӯ, - афзуд Сарвари давлат пардохти саривақтии ҳар 5 рӯза ё 10 рӯзаи ҳаққи меҳнати кишоварзон бояд таъмин карда шавад.

Раисони як қатор шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки имсол ҷамъоварии 28-30 сентнерӣ ҳосили пахта имконпазир аст.

Сарвари  давлат дастур дод, ки бо мақсади назорати саривақтӣ ва мақсадноки тадбирҳои ҳосилғундорӣ ситоди шабонарӯзии ҷумҳуриявӣ созмон дода, аз натиҷаи корҳо ҳар рӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод намоянд, то ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф сохта, ҳосили бо ранҷ парваришнамудаи деҳқононро аз талафёбӣ эмин дорем.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои беҳдошти сифати таълиму тарбия, хизматрасонии тандурустӣ, тайёрӣ дар мавсими дарпешистодаи зимистон, таъмини бозорҳо бо маҳсулоти арзону хушсифат ва таъмини деҳқонон бо техникаи ҳозиразамони кишоварзӣ диққати махсус дод.

Дар машварат масъулин бобати мусоидати ҳамаҷонибаи таъминоти молиявию техникӣ, фароҳам овардани шароитҳои зарурии чинакчиён тариқи мушаххас вазифадор гардиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520