Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор Питер Вингли

13.12.2004 14:00, шаҳри Душанбе

13 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор Питер Вингли мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масъалаҳои фарогири вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо баррасӣ шуданд.

Ташрифи навбатии ҳайат, - изҳор дошт Сарвари давлат, - боз як далели инкишофи муносибатҳои дуҷониба, талоши тарафҳо баҳри идомаи муваффақонаи робитаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор мебошад.

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки дар натиҷаи ҳамдастиҳои дутарафа бобати татбиқи сиёсати иқтисодӣ ва молиявӣ дар доираи Барномаи роҳҳои маблағгузорӣ бо мақсади паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешравиҳои назаррас мушоҳида мегардад.

Аз ҷумла дар 10-моҳи соли равон нишондиҳандаҳои маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар муқоиса бо далелҳои соли 2003 11 фоиз боло рафтааст, ҳаҷми баландшавии истеҳсолоти саноатӣ 15,2 фоиз, хоҷагии қишлок бошад 9,3 фоизро ташкил дод.

Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, ки қарзи берунаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаришаванда хеле кам гардид, ки бешубҳа ба буҷети давлатӣ ва авзои иқтисодии кишвар таъсири мусбат хоҳад расонид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амиқан бо мақсади идомаи амалисозии барномаҳои муштараки иқтисодӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор талош менамояд, - илова кард Сарвари давлат.

Дар хатми мулоқот Эъломия дар бораи масъалаҳои иқтисодӣ ва сиёсати молиявӣ дар соли 2005, ки дар доираи тадбирҳои паст гардонидани сатҳи камбизоатӣ ва ҳамдастӣ барои болоравии иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст, қабул гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520