23 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони як қатор вазорату идора, бонкҳо, корхонаҳои давлатӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорон оид ба ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар ва беҳдошти системаи бонкӣ машварат кард. Дар ин робита ба баланд бардоштани самараи низоми пулию қарзӣ дар мамлакат аҳмияти махсус дода шуд.
Сардори давлат зикр кард, ки тайи солҳои охир дар роҳи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ силсилаи тадбирҳои судманд андешида шуданд, вале баъзе монеаҳо дар низоми пулию қарзии мамлакат, дар маҷмӯъ, ба пешрафти аксар соҳаҳои хоҷагии халқ халал мерасонад.
Бо супориши Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳисоби мутахассисон комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки он рӯйхати ҳамаи қарздорон ва нақшаи баргардонидани қарзҳоро таҳия сохта, ҷиҳати дар амал татбиқ сохтани он тадбирҳои таъҷилӣ меандешад.