Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саарела Тапио Калеви

21.05.2002 14:00, шаҳри Душанбе

21 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саарела Тапио Калевиро қабул намуд.

Баъди анҷоми маросими супоридани эътимоднома байни Сарвари давлат ва сафири нав оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба мубодилаи афкор доир гардид. Зимни сӯҳбат ба қатори соҳаҳои мушаххаси ҳамкории мутақобилан судманд аз ҷумла, коркарди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, азхудкунии захираҳои табиӣ номбар шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520