Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини Сарвазир - Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс ва Вазири мудофиаи ин кишвар Питер де Крим

04.05.2012 12:10, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини Сарвазир - Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс ва Вазири мудофиаи ин кишвар Питер де Кримро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба се ҷанбаи ҳамкорӣ – ҳамгироӣ барои барқарорсозии суботу эътидол дар Афғонистон, рушди ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ ва густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуд.

«Мо Белгияро яке аз шарикони муҳими худ дар Иттиҳоди Аврупо медонем”, - изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Муовини Сарвазир - Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс густариши муносиботро бо Тоҷикистон бисёр муҳим номида, аз номи Ҳукумати кишвараш аз Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ба Брюсел бо сафари расмӣ ташриф барад.

Ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон барои мусоидати фаъол ба нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон изҳори сипос карда шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия, аз ҷумла татбиқи амалии санадҳое, ки моҳи феврали соли 2009 зимни сафари расмии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон дар Брюсел ба имзо расида буданд, зоҳир карда шуд.

Ташкил ва густариши ҳамкории васеи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо назардошти бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ дорои дурнамои судбахш барои ҳарду ҷониб номида шуд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамгироӣ дар таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520