Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози кишти баҳории пунбадона дар ҶДММ “Агросаноат” - и шаҳри Турсунзода

21.03.2017 08:53, шаҳри Турсунзода

Дар ҷамоати деҳоти “Регар” - и шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Агросаноат” ба кишти зери плёнкагии пахта бо усули обмонии қатрагӣ оғоз бахшиданд.

Меҳмони олимақомро дар даромадгоҳи хоҷагии мазкур деҳқонони соҳибтаҷриба ва олимони соҳа гарму самимӣ истиқбол гирифта, бо иштироки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишти пунбадона шуруъ намуданд. Шумораи умумии коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Агросаноат” 500 нафарро ташкил медиҳад ва он дар ихтиёри худ  869 гектар замини корам дорад. Аз масоҳати умумии майдони кишт 769 гектар замини обӣ, 100 гектар лалмӣ ва бештар аз 2 гектари дигарро боғи интенсивӣ ташкил медиҳад. Самти асосии фаъолияти хоҷагии мазкур истеҳсол, азхудкунӣ, фуруши маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ мебошад. Дар фермаи ширию гуштии хоҷагӣ, дар айни замон 437 сар гови хушзоти “Симинтал” аз давлати Олмон ворид карда шуда, парвариш меёбад.

Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба истифодаи технологияи муосири обёрии қатрагӣ бо найчаҳои полиэтиленӣ дар парвариши пахтаи навъи ватании «Дӯстӣ-ИЗ» маълумот доданд. Ҳосили интизории ин навъи тухмӣ 50-55 сентнерро ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳи обёрии қатрагӣ аз истгоҳи обкашӣ, таҷҳизоти обтозакунӣ, қубурҳои магистралӣ ва тақсимкунанда ва хатти қатрадиҳанда иборат мебошад. Кишти пахта бо чунин усул дар шаҳри Турсунзода бори аввал ба роҳ монда мешавад. Афзалияти технологияи иноватсионӣ дар сарфаи об мебошад. Нуриҳои минералӣ ва коркарди байни қаторҳо кам шуда, тавассути чунин усул замин аз шуршавӣ нигоҳ дошта мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнаткашони хоҷагӣ суҳбати озоду самимӣ доир карда, ба онҳо барои баҳрабардорӣ аз ҳар ваҷаб замин бо истифода аз обу ҳавои мусоиди фасли баҳор маслиҳатҳои судманд доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520