22 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати "Рӯзи забон" табрик намуд. Дар паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла таъкид гардидааст:
"Дар байни идҳои навини Тоҷикистони соҳибистиқлол "Иди забон" мавқеи муҳим дорад.
Маҳз соҳибихтиёрии мамлакатамон заминаи муҳиме барои рушду тақвияти забон, фарҳанг ва адабиёт гардид.
Аз соли 1989, аз замоне, ки Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни забонро қабул намуд, дар кишвар ба масъалаи рушду инкишофи забони давлатӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Махсусан баъди истиқлолияти давлатӣ мардуми тоҷик ба таҳкими забон ва дастгирии ҳамаҷонибаи он саъю талоши беандоза намуданд.
Ифтихори миллӣ аз донистани забони адабӣ оғоз мегардад, барои ҳамин дақиқ омӯхтани забон бояд аз хонавода шурӯъ шавад, баъдан дар муассисаҳои томактабӣ , мактаб, донишгоҳҳо ва корхонаҳо вусъат ёбад.
Эҳтироми забон ва пос доштани он як рукни маданият аст.
Дар баробари ин, ифтихори мо аз забони модарӣ бояд яке аз нишонаҳои фарҳангу маънавиёти баланди мо бошад. Аҳли зиё ва шахсони соҳибфарҳанг нисбат ба дигар қавму миллатҳо, бо забону маданияти онҳо ҳама вақт бояд бо ҳисси эхтиром муносибат намоянд.
Дар замони глобализатсия, рушди босуръати техника ва давраи пурвусъати инкишофи иттилооти компютерӣ ва амсоли он донистани забонҳо ногузир мешавад.
Ниёгони бузурги мо низ ин нуктаро такрор ба такрор таъкид намуданд, ки фарогирии илму дониш ва рушди инсонӣ танҳо бо роҳи донистани забонҳои гуногун муяссар мегардад. Воқеан, ҷараёни донишу таҷрибаандузӣ марзи забонӣ намешиносад".