Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои аёдати афсарону сарбозони маҷрўҳ, ки рўзи 19 – уми сентябр дар ноҳияи Рашт ҷароҳат бардошта буданд, ба шифохонаи ҳарбии Вазорати мудофиа ташриф овард.
Дар шифохонаи ҳарбӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳоли афсарону сарбозони захмӣ хабар гирифта, бо онҳо аз наздик сўҳбат намуд. Ба роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дигар шахсони масъул дастур дода шуд, ки баҳри табобати босифати захмиён ва ғамхории ҳамаҷониба ба онҳо тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Роҳбарони сохторҳои низомӣ ҳамчунин вазифадор шуданд, ки аҳли оилаи нафарони дар он ҳодисаи мудҳиш ҳалокшударо аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ намоянд.
Хотиррасон бояд намуд, ки рўзи 19 сентябри соли равон дар натиҷаи ҳамлаи ваҳшиёнаи террористони зархарид ба қатори мошинҳои низомӣ 25 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ҳалок шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуда буданд.