Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти умумии № 47 ноҳияи Сино

02.06.2009 10:30, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Устодону хонандагони мӯҳтарам!

Дар ин лаҳзаҳо, ки мову шумо ба ифтихори мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як маркази наву замонавии таълиму тарбияи насли наврас ҷамъ омадаем, аввалан кулли кӯдакону наврасонро, ки ояндаи миллату давлатамон дар дасти онҳост ва падару модарон, инчунин мураббиёну омӯзгорони мамлакатро, ки парасторӣ ва тарбияи шоистаи фарзандони мардумро ба зимма доранд, самимона табрик менамоям.

Ҳамзамон бо ин, тамоми сокинони маҳаллаи зебоманзари Лучобро низ, ки дар ин рӯзи нек ба фарзандонашон мактаби навсохти замонавӣ чун тӯҳфа ҳадя мегардад, муборакбод мегӯям.

Шумо - устодону омӯзгорон ва намояндагони аҳли маорифи шаҳр, падару модарон ва хонандагони азиз хуб медонед, ки давлату Ҳукумати кишвар бо мақсади фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои таҳсили шоистаи насли наврас пайваста кӯшишу талош доранд.

Дар ин замина дар тамоми қаламрави мамлакат бунёду азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ, инчунин компютерҳо таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ вусъат ёфтааст, ки ин мактаб аз ҷумлаи онҳост.

Бояд гуфт, ки бинои мазкур бо дарназардошти талаботи замон сохта шуда, барои дар як баст дарсхонии 624 хонанда пешбинӣ гардидааст ва дорои ҳамаи шароити зарурӣ мебошад. Сохтмони он аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, ки қариб 9 миллион сомониро ташкил медиҳад, ба анҷом расонида шуд.

Барои бо сифати баланд ва дар мӯҳлати муқарраргардида сохта, ба истифода додани бинои мактаб ба таҳиякунандагони лоиҳаи он ва ба ҳамаи сохтмончиён миннатдорӣ баён мекунам.

Мактаб боргоҳи воқеан муқаддаси таълиму тарбия, арсаи нахустини саводомӯзӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ буда, дар ташаккул ва такомули маънавии ҳар фарди ҷомеа нақши нақши асосӣ дорад.

Халқи тоҷик аз азал соҳибмактаб буд ва аз ин рӯ, дар тӯли таърихи пурғановати хеш пойдевори устувори илму хирад, кохи бегазанди забону фарҳанги миллиро барафрохта, ба арсаи таърих даҳҳо нобиғаҳои ҷаҳониро, ба монанди Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Синову Берунӣ, Носири Хусраву Хайём, Ҷалолиддини Румиву Имом Ғаззолӣ, Саъдиву Ҳофиз, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзодаро ато кардааст, ки имрӯз мо бо номи онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ ифтихор менамоем.

Бо фароҳам овардани шароити мусоид ва замонавии таълиму тарбия дар мактабҳои мамлакат ҳадафи асосии мо ба камол расонидани насли бедордилу огоҳ ва соҳибмаърифат, ба ҳаёти мустақилона ва зиндагии шоиста омода намудани онҳо ва ниҳоят сафарбар намудани нерӯи ҷисмониву ақлонии миллат ба пуштибонии Ватан ва таҳкими давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азизамон мебошад.

Зеро ояндаи нек ва фардои ободи Ватани азизамон аз сатҳу сифати дониши хонандагон, одобу ахлоқи ҳамида, ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва заҳмати пайгиронаи онҳо вобастагӣ дорад.

Аз ҳамин хотир, мо ба соҳаи маориф ҳарчи бештар ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳ зоҳир менамоем. Тавре ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштам, дар давоми панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маорифро чор маротиба ва нисбат ба соли 1995-ум 33 маротиба афзун гардонидем.

Гузашта аз ин, бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ мо тасмим гирифтаем, ки дар баробари маоши кормандони соҳаи тандурустӣ ва фарҳанг аз моҳи сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати ходимони илм ва маорифро низ ба андозаи имкон, баланд бардорем. Албатта, мо минбаъд низ дар доираи имкониятҳо ба кормандони илму маориф таваҷҷӯҳу ғамхории бештар зоҳир хоҳем кард.

Дар навбати худ аз шумо - масъулони соҳаи маориф, сарварони мактабҳо ва кулли устодону омӯзгорон талаб карда мешавад, ки ба масъалаи ҷиддан баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ҳамчун вазифаи ҷонии худ ва ҳадафи стратегиву афзалиятноки давлат муносибат намоед.

Ҳамчунин, рушди муассисаҳои хусусии таҳсилот бояд аз самтҳои муҳими фаъолияти роҳбарони Вазорати маориф ва дигар сохтору мақомоти дахлдор бошад. Шумо – аҳли маориф бояд тамоми нерӯву маҳорати худро барои тарбияи шогирдони донишманду қобилиятнок, огоҳу бедордил, ватандӯсту ватанпараст ва шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солим ва ахлоқи ҳамида сафарбар созед.

Наслҳои наврас бояд бо ҳидояту раҳнамоии шумо рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандии худро амиқан дарк намояд, то ки дар оянда мақому эътибори давлати соҳибистиқлол ва миллати тамаддунсозу фарҳангсолори худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва пуштибонӣ карда тавонанд.
Дар ин роҳ ба ҳамаи шумо барору комёбиҳо орзумандам.

Ҳамеша тансиҳату хонаобод бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520