Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

01.01.2009 15:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба воситаи роҳҳо ва пулҳои қаламрави Тоҷикистон ва Афғонистон, интиқоли маводи хӯрока ва дигар масолеҳи сохтмонӣ барои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вазъи бехатарию амнияти минтақа, ҳамкориҳо дар масъалаи бехатарӣ ва мубориза бар зидди маводи мухаддир ва дигар мавзӯоти вобаста ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории байни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ гардиданд.

Тарафҳо оид ба тадбирҳои муштарак алайҳи бӯҳрони иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳони муосир ибрози назар карданд.

Роҳбарони ду давлат ба мувофиқа расиданд, ки вақтҳои наздик барои ҳаллу фасл, муҳокима ва баррасии масъалаҳои ҳамкории барои ҳарду тараф муфид ба кишварҳои якдигар сафарҳои расмӣ анҷом диҳанд.

Дар ин робита роҳбарони давлатҳо ба Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои худ барои таҳияи санадҳои лозимаи масъалаҳои баррасишаванда дастуру супориш доданд.

Сӯҳбат дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии хоси роҳбарони ду давлати ба ҳам дӯсту бародар сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520